Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Боздид аз Сарез дар остонаи ҳамоиши байналмилалии об

Мӯъҷизаи табиат: кӯли азиме дар қуллаи кӯҳи баланд, ки назирашро олам ёд надорад. Ва ин кӯл қадимӣ нест, балки ҳосили як зилзилаи шадидест, ки қуллаи кӯҳро маъвогоҳи кӯли бузургазим қарор додааст. Ва захираи бузурги оби тоза дар он нуҳуфта. Ҳамзамон хатари рахна шудани он низ ҳамвора таҳдид мекунад, ки метавонад барои минтақа хатари ҷиддӣ дошта бошад. Ва ҳамин кӯлро дар остонаи оғози Конфронси байналмилалии об гурӯҳе аз сарварони созмонҳои байналмилаливу меҳмонони чинӣ тамошо карданд.

19 - уми июни соли 2018 дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода  ҳамроҳ бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ҷаноби Ҷилберт Хунгбо, Директори Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунандаи СММ дар Осиёи Марказӣ хонум Наталия Герман ва намояндагон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин аз кӯли Сарез дидан ба амал оварданд.  Сарвари  КҲФ ба меҳмонон дар бораи таърихи ба вуҷуд омадани ин кӯли бузург дар қуллаи кӯҳи баланд маълумот дод ва дар бораи чораҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз рахнашавии эҳтимолии он меандешад, нақл намуд. 

Баъди шиносоӣ бо ин марвориди Тоҷикистон меҳмонони олиқадрро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки об муҳимтарин захира барои рушди самтҳои гуногуни кишварҳои олам аст ва ҳифзи он барои наслҳои оянда аз вазифаҳои муҳими башар боқӣ мемонад. Аз ин рӯ Тоҷикистон кишвари фаъол дар ҳалли мушкилоти об ва ташаббускори чандин иқдомҳои байналмилалист. 

Баъди бозгашт аз сафари Бадахшон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда    Директори минтақавии Федератсияи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Семён Миссириро ба ҳузур пазируфт.

 Дар мулоқот ҷонибҳо имкониятҳо ва роҳҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ва коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ, масъалаҳои омодасозии равоншиносон ва бозомӯзии наҷотдиҳандагони КҲФ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки ин мулоқот дар равобити дуҷонибаи ду ниҳод саҳифаи тоза боз кард ва барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ мусоидат хоҳад намуд.

барчасп: