Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Алайҳи терроризм муборизаи беамон бояд бурд

Раванди мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм нишон медиҳад, ки имрӯз ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб муттаҳидӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро тақозо дорад. Солҳои охир дар Аврупо, Шарқи Наздик, Африқо, Осиёи Марказӣ ва ИМА содир шудани садҳо ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ аз хатари глобалӣ доштани ин зуҳурот шаҳодат медиҳад.

Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, аз оқибатҳои фоҷиабори фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ-террористии байналмилалӣ хуб огаҳ аст ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ тарафдори муборизаи беамон ва муташаккилона зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» зикр намуданд, ки: «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгаройӣ, тундгаройӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад».

Мураккабшавии авзои сиёсии ҷаҳон дар меҳвари манфиатҳои геополитикии баъзе кишварҳо боиси боз ҳам вусъат ёфтани фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ гардидааст. Боиси таассуф аст, ки баъзе давлатҳо бо терроризм ва экстремизм мубориза бурда, дар кишвар ва минтақаҳои дигар ба хотири манфиатҳои геополитикӣ зуҳуротро бевосита ё бавосита пуштибонӣ менамоянд, онҳоро ҳатто ҳамчун ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва ё ҷунбишҳои сиёсӣ эътироф ва ҳифз менамоянд. Зикр кардан зарур аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ аз рӯи ангезаҳои динӣ-сиёсӣ аз солҳои 90-уми асри гузашта оғоз гардид. Таҷриба нишон медиҳад, ки афкори ифротии ин гуна ташкилотҳо барои мардуми тоҷик бегона буда, асосан аз хориҷи кишвар таҳмил мешаванд. Аз ҷумла, фаъолияти экстремистӣ-террорис­тии Ҳизби наҳзати исломӣ (фаъолияташ дар асоси Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 манъ шудааст) собит сохт, ки солҳои 1993-2015 роҳбарон ва аъзои фаъоли он бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ даҳҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнинро содир карда, ҳадафи асосиашон ноором сохтани авзои сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конс­титутсионӣ ва ғасби ҳокимият буд.

Сарфи назар аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), бо супориши роҳбарони ҳизб куштори ходимони илм ва арбобони сиёсии Тоҷикистон идома ёфта, дар ниҳоят, яке аз командирони собиқи тарафдори ҳизб, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим 4 сентябри соли 2015 кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуд.

Бояд хотиррасон намуд, ки мувофиқи талаботи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё аз тариқи зӯрӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босубот муборизаро дар ин самт пурзӯр намуда, тавассути парламенти кишвар зина ба зина қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии дигарро қабул намуд.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дурнамои фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатиро бо дарназардошти  ташаккул ва ҷорӣ намудани меъёрҳо ва механизмҳои пешгирии экстремизм ва терроризм ҷиҳати таъмини рушди босуботи давлат, ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат муайян намудааст. Илова бар ин, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 майи соли 2004, №35 ва аз 14 ноябри соли 2016, №1359 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои алоҳида вобаста ба фаъолияти террорис­тӣ ва экстремистӣ ворид карда шуда, баъдан онҳо вобаста ба тағйир ёфтани моҳияти ин намуди ҷиноят боз ҳам такмил дода шуданд. Инчунин, бо мақсади тақвият бахшидани мубориза дар ин самт бо қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 августи соли 2011, №750 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 3074 – «Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта» илова гардид. Зарурати илова намудани он дар он зоҳир мегардад, ки ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта бо роҳи таълимоти хонагӣ-динӣ тафаккури баъзе ҷавононро ифротӣ гардонида истодаанд. Бо сабаби солҳои охир зиёд гардидани иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар, бо қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014  ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 4011 – «Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо» илова карда шуд.

Дар эзоҳи моддаи мазкур муайян гардидааст: «Шахсе, ки ихтиёран аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад». Дар асоси муқаррароти мазкур беш аз 100 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуда, айни замон ҳаёти осоишта доранд.

Солҳои 2014-2017 ва се моҳи соли 2018, дар маҷмӯъ, аз тарафи ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ал-Қоида», «Бародарони мусалмон», «Гурӯҳи 24», «Давлати исломӣ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷамъияти Таблиғот», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Толибон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳизби наҳзати исломӣ», «Салафия» ва дигар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ беш аз 3000 ҷиноят содир шудааст. Дар давраи зикргардида 52,19 фоизи ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта аз ҷониби аъзои «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат-ан-Нусра» содир гардидаанд. Пайравони равияи динии «Салафия» дар 12,17 фоизи ҷиноятҳои номбурда даст доранд. Аъзои ташкилотҳои дигари экстремистӣ-террористии номбаршуда якҷоя беш аз 35 фоизи ҷиноятҳои мазкурро содир кардаанд.

Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки амалҳои террористии ба қатлу куштори мардуми осоишта равонабуда ба ҳеҷ ваҷҳ аз арзишҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динии умумиинсонӣ маншаъ намегиранд.  Дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм истифода бурдани воситаҳои хусусияти ҳуқуқидошта роҳи ҳалли масъала набуда, роҳандозӣ намудани маҷмӯи чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Таҳлили парвандаҳои ҷиноятии хусусияти террористӣ ва экстремистидошта шаҳодат медиҳад, ки беш аз 80 фоизи шомилшудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилоти ифротгаро ва террористӣ ҷалб гардида, танҳо 8 фоиз дорои маълумоти олӣ, 12 фоиз маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсус буда, 78 фоизи боқӣ маълумоти миёнаи умумӣ ва миёнаи умумии нопурра доранд.

Ҷавонони моилшуда аз телефонҳои мобилии ҳушманд ва барномаҳои Viber (Вайбер), WhatsApp (Ватсап) хеле васеъ истифода мебаранд. Ба воситаи ин гуна телефонҳо бо нархи арзон анҷом додани гуфтугӯи телефонӣ, равон сохтани ахбороти матнӣ, видео ва аудио имконпазир мебошад. Илова бар ин, моилкунандагон аз содагӣ ва камтаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, ба монанди «Одноклассники», «Mail.ru», «Twitter», «YouTube» ва монанди онҳо мунтазам ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб менамоянд. Инчунин, экстремистон-идеологҳо ба воситаи барномаи Zello (телефон-ратсия), ки дар телефонҳои мобилии пуриқтидор ва компютерҳо насб мешавад, ба воситаи интернет дар як вақт бо 1000 муштарӣ дар режими онлайн ақидаҳои ифротиро талқин намуда, саволу ҷавоб баргузор менамоянд.

Бо усулҳои номбаршуда теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳудуди Федератсияи Россия ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб гардидаанд. Ҳамчунин, дар Федератсияи Россия 15 донишҷӯйи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи он таҳсил мекарданд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд. Солҳои  2014-2016 аз шаҳри Харкови Украина, шаҳрҳои Алма-Ато, Остона ва Чимкенти Қазоқистон, шаҳрҳои Истанбул, Анталия ва Анқараи Туркия, вилояти Чуйи Қирғизис­тон, Беларус, Эрон ва дигар давлатҳо низ интиқол ёфтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба назар мерасид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз шумораи умумии муайяншудагон, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар иштирок мекунанд, теъдоди муайяне дар мадраса ва мактабҳои давлатҳои мусалмонтабор низ таҳсил кардаанд. Аз ҷумла, дар Эрон 8 нафар, Миср – 5, Покистон – 3, Туркия – 2 ва дар Сурия 1 нафар. Бояд қайд намуд, ки ду нафар толибилми Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам низ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар иштирок кардаанд.

Ташкилотҳои экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат-ан-Нусра» дар як қатор кишварҳои ҷаҳон фаъолият дош­та, айни замон омили асосии нооромӣ дар Шарқи Наздик ба ҳисоб мераванд. «Давлати исломӣ» нуфузро дар Осиёи Марказӣ низ паҳн карданист ва намояндагони он дар Покистон ва Афғонистон аллакай фаъолиятро ба роҳ мондаанд.

Намояндагони гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ташвиқотро тавассути сомонаҳои интернетӣ пурзӯр карда, аз ҳисоби ҷавонони ба омӯзиши дини ислом майлдошта дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он, бахусус дар Федератсияи Россия, номзадҳои навро барои иштирок дар «ҷиҳод» пайдо ва онҳоро ба мамлакатҳои хориҷӣ равон мекунанд.

Мутаассифона, ҷомеаи ҷаҳонӣ то имрӯз дар самтҳои афзалиятноки мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барномаҳои фаромиллии таъсирбахш таҳия ва роҳандозӣ накардааст. Эътироф бояд кард, ки бо вуҷуди ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ин самт ҳар як давлат ба муқобили экстремизм ва терроризм бо қувваи худ мубориза бурда истодааст.

Имрӯзҳо, ки зери ақидаи таҳрифшудаи динӣ-сиёсӣ ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ, ба монанди «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра» ва ғайра ба дини мубини ислом доғ овардаанд, тақвият ва такмил бахшидани фаъолияти Созмони ҳамкории исломӣ тақозои замон аст.

Мардуми мусалмон бояд аз талаботи зерини ояти «Қуръон»-и маҷид баҳраманд бошанд: «Мусалмонҳо бо ҳам бародаранд. Оштӣ андозед бародарони худро ва битарсед аз Худо, шояд шумо бахшида мешавед» (Сураи Ҳуҷурот — 49, ояти 10).

Гуфтан ҷоиз аст, ки китоби муқаддаси мусалмонон – «Қуръон»-и маҷид бо ташаб­буси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп гардида, ройгон ба мардум тақдим гардид. Соли 2009 дар мамлакат 1310 — солагии Имоми Аъзам — асосгузори яке аз мазҳабҳои муқтадиртарини дини мубини ислом бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Айни замон дар пойтахти мамлакат сохтмони яке аз масҷидҳои калонтарин дар Осиёи Марказӣ, ки барои зиёда аз 100 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст, идома дорад. Дар ҷумҳурӣ беш аз 4000 масҷид расман ба қайд гирифта шуда, фаъолият доранд.

Дар ин раванд барои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи байналмилалӣ муҳим аст, зеро кишвари мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкории судманду шарикии баробар ва нафъовари ҳама кишвари олам, таъмини амният бо роҳи созишу муколамаи созанда мебошад.

Равшан РАҶАБОВ, муовини раиси Кумитаи

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ

Бозчоп аз рузномаи “Садои мардум”, №72 - 73 (3866 - 3867) 12.06.2018

барчасп: