Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Шоҳмансур майдончаи варзишӣ сохт

Мутобиқ бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади татбиқи барномаҳо оид ба зебосозии шаҳри Душанбе Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасаби 191-уми ноҳияи Шоҳмансури пойтахт маҷтамаи варзишӣ сохта ба истифода дод.

Маҷтамаи мазкур аз майдончаи варзишӣ барои роҳандозии бозиҳои футбол, волейбол ва бастектбол, ҳамчунин майдончаи бозиҳо барои кӯдакон иборат аст.

Ҳамчунин барои таъмини бехтарии бачаҳо ва наврасон ин маҷтамаъ бо камераҳои назоратӣ таҷҳизонида шудааст. 

Дар маросими ифтитоҳи он ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муҳаммадзода, ҷонишини раиси шаҳри Душанбе Ф.Ҷумъазода, ҷонишини якуми Раиси ноҳияи Шоҳмансур ва дигар шахсон расмӣ, хабарнигорон ва сокинони ноҳия  ширкат карданд.  

Ф. Ҷумъазода қайд кард, ки ин майдончаи варзишӣ заминае  барои таблиғи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа хоҳад гузошт ва ҳамчунин барои ҷалби ҷавонон ва наврасон ба варзиш мусоидат хоҳад кард.

барчасп: