Рӯзи дарҳои кушод барои бачаҳо аз оилаҳои камбизоат

Насли наврас бояд бовар дошта бошанд, ки Ҳукумати кишвар барои вокуниши нерӯҳои наҷот ба ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ пайваста талош мекунад. Имрӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва воҳидҳои вилоятиву ноҳиявии он бо воситаҳои замонавии наҷот муҷаҳҳазанд. Ҳадафи аслии чорабинии имрӯза он буд, ки бачаҳо ва наврасон бо ин ҳама абзорҳои наҷот аз наздик ошно шаванд

Имрӯз,8 июни соли 2018 дар базаи Раёсати хадамоти  махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи дарҳои кушод барои бачаҳо аз оилаҳои камбизоат доир гардид. 

Дар майдони намоишӣ наҷотдиҳандагон таҷҳизот ва техникаи садамавиву наҷот, ғаввосӣ ва кӯҳнавардиро ба намоиш гузоштанд ва дар бораи ҳар кадоми онҳо муфассал маълумот доданд. Ҳамчунин ба бачаҳо шароитҳои навбатдории ҳарбии наҷотдиҳандагонро нишон доданд. 

Дар бахши дигари барнома наҷотдиҳандагон дар бораи чораҳои бехатарӣ, қоидаҳои оббозӣ ва ҳузур доштан дар назди махзанҳои об суҳбат карданд. 

Мактаббачагон бодиққат ин ҳамаро тамошо карданд, ба суханони мураббиён гӯш доданд, саволу ҷавоб карданд. Дар табодули афкор ба пурсишҳои зиёди худ дар мавриди равишҳои наҷоти офатзадагон посухҳо дарёфт намуданд. 

Ҳадафи аслии ин чорабинӣ ба насли наврас амалан нишон додани истифода аз абзорҳои наҷот ва таҷҳизоти бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ва техникае буд, ки дар имрӯз наҷотдиҳандагони кишвар дар ихтиёр доранд.

барчасп: