Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2018-2022 тасдиқ шуд

30 – уми майи соли равон таҳти раёсати асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳуукумати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласа аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин нисбат ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 қарор қабул карданд.

Барномаи рушди Кумита ба беҳбуд бахшидан ба Системаи яонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, таҳкими пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва зарфиятҳои мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар таъмини ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фаввқулоддаи табиӣ ва техногенӣ равона шудааст. 

            Барои ба кор шурӯъи Барномаи рушд нақшаи чорабиниҳои татбиқи он таҳияи шудааст, ки аз ин бахшҳо иборат аст:

            - такмили базаи меъёрӣ-ҳуқуқии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон;

             - омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо;

             - таҳкими хадамоти наҷот ва воҳидҳои омодагии Кумита;

            - таҳкими базаи моддӣ-техникии нерӯҳои мудофиаи гражданӣ ва рушди минбаъдаи онҳо;

            - рушди воҳидҳои ҳудудии Кумита;

            - рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ;

            - азнавташкилкунӣ ва аз нав таҷҳизонии Маркази иттилоотӣ-таҳлилии КҲФ;

            - дар сохтори Кумита сохтани хадамоти кинологӣ, хадамоти кумаки равонӣ, воҳидҳо барои роҳандозии корҳои инфиҷорӣ ва отрядҳои иловагии штатии наҷотдиҳандагони вокуниши сареъ, аз ҷумла дар объектҳои обӣ низ.

             Манбаъҳои маблағгузорӣ барои татбиқи Барномаҳо буҷаи ҷумҳурӣ, буҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ ва воситаҳои созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

барчасп: