Рустам Назарзода ва Олег Гучгелдиев ба густариши ҳамкориҳо КҲФ ва FAO изҳори умед карданд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода имрӯз бо ҳайати Барномаи озуқа ва кишоварзии  СММ (FAO) бо сарварии намояндаи ин созмон ҷаноби Олег Гучгелдиев мулоқот кард.

Дар ҷараёни дидор масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи тарҳҳои  муштарак оид ба ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ баррасӣ гардиданд. Дар доираи мавзуъҳои баррасишаванда ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба муҷаҳҳазсозии моддӣ-техникӣ, омӯзиш ва бозомӯзии кормандон, ҳамчунин табодули таҷрибаи кор дар ин самтро мавриди суҳбат қарор доданд. 

Дар поёни мулоқот сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷаноби Гучгелдиев барои суҳбати пурмуҳтаво ташшаккур гуфт ва изҳори умед намуд, ки ин гуна вохӯриҳо дар оянда низ пайваста баргузор мешаванд.

“Баргузории ин гуна мулоқотҳо асосе барои ҳамкориҳои муваффақона миёни КҲФ ва ФАО-и СММ хоҳанд шуд”,- қайд намуд Сарвари Кумита.