Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Омӯзиши техникаи наҷот дар қисмҳои ҳарбии вилояти Хатлон

Истифодаи техникаи наҷот ва таҷҳизоти замонавӣ омӯзиши пайваста мехоҳад. Ин аст, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо роҳандозии як силсила дарсҳои омӯзишӣ амалан истифода аз ин таҷҳизотро меомӯзонанд.

Рўзҳои 24-25 майи соли ҷорӣ кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон дар қисми ҳарбии Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар байни афсарон ва сарбозон ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ, тарзу усулҳои истифодабарии таҷҳизотҳои нави наҷотдиҳии замонавӣ, ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва сафарбарсозии қисмҳои ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон барои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода машғулияти омўзишӣ ва корҳои фаҳмондадеҳӣ гузаронида шуд.

Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ лавозимоту таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва нақлиёти махсуси наҷотро намоиш дода, ба ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ оиди амал намудан ва расонидани ёрии аввалин ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дастурҳо дод.

Наҷотдиҳандагон ба саволҳои афсарон ва сарбозон посух доданд ва як дарси амалиро ҳам барои истифодаи таҷҳизоти наҷот иҷро карданд. 

Маврид ба ёдоварист, ки чорабиниҳои мазкур дар асоси супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тартибдодашуда дар мувофиқа бо сардори Гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳандозӣ шуд.  

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар қисмҳои ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон идома дорад.

барчасп: