Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Шумори қурбониёни садмаи маргбори Boeing 737 дар наздикии Гаванна ба 112 нафар расид

Дуюмин нафар аз се тани зинда монда дар суқути ҳавопаймои Boeing 737 дар наздикии Гаванаи Куба вафот кард. Акнун теъдоди қурбониёни ин садамаи маргбор, ки 18-уми май иттифоқ афтода буд, ба 112 нафар расид.

Radio Reloj истинодан ба маълумоти Вазорати тандурустии Куба хабар додааст, ки дар бемористонри ба номи Каликсто Гарсия Эмили Санчеси 40-сола аз захмҳои шадид ҳангоми садамаи ҳавопаймо фавтид. То имрӯз Эмили бо дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст буд. 

22 май ВАО аз марги аввалин мусофири зиндамондаи садамаи ҳавопаймои Boeing 737 хабар дода буданд, ки вай Греттел Ландрови 23-сола буд ва ӯ низ дар бемористони Гаванна аз дунё рафт. Дар айни замон танҳо зане аз ҷумла зинда мондагон дар бемористон бистарист, ки табибон ба идомаи ҳаёти вай чандон хушбин ҳам нестанд.  

Маврид ба ёдоварист, ки ҳавопаймои Boeing 737 баъди парвоз аз фурудгоҳи ба номи Хосе Мартии Гаванна ба самти шаҳри Олгин миёни фурудгоҳ ва нуқтаи аҳолинишини Сантяго-де-Лас-Вегас, тахминан 20 км ҷанубтари Гаванна сарнагун шуд. 

Дар оғоз аз ҳалокати 110 нафар иттилоъ дода мешуд, ки панҷ тани онҳо кӯдакон буданд. То ҳол ҷасади 70 нафар шиносоӣ шудааст ва мақомот мегӯянд шиносоии ҷасадҳои боқимонда чанд ҳафтаи дигар вақт мехоҳад.

Дар ҷойи ҳодиса муфаттишон кор мекунанд.

Гуфта мешавад, ки ин садама зарфи 30 соли охир мудҳиштарин ва пурқурбонитарин садама дар Куба будааст.

барчасп: