Тӯфони “Алберто” таҳдид ба харобӣ мекунад

Тӯфони пурқудрати субтропикии “Алберто”, ки аз баҳри Кариб шакл гирифта буд, рӯзҳои якшанбе-душанбе ба соҳилҳои ҷанубии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико наздик мешавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters истинодан ба Маркази миллии назорати тӯфонҳо, ки дафтари асосии он дар Майама қарор дорад, иттилоъ додааст.

Дар айни замон ин тӯфон 100 мил (160 км) дар қисмати ҷанубу шарқи ҷазираи мексикоии Косумел қарор дорад. Суръати ҳаракати бод дар маркази “Алберто” ба 65 км дар як соат мерасад. Аммо обуҳавосанҷон мегӯянд, зарфи 48 соати оянда суръати он баланд мешавад. 

Бар асари ин тӯфон вайрониҳое дар нимҷазираи Юкатан, Кубаи ғарбӣ, иёлоти Флорида, ҳамчунин соҳилҳои шимолу шарқии халиҷи Мексика ба вуҷуд омадааст. Интизор меравад, ки суръати ҳаракати он замоне коҳиш меёбад, ки ба хушкӣ мерасад. 

Ёдовар мешавем, ки тобистони гузашта тӯфони “Ирма” дар Флорида беш аз се миллион хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаҳои саноатиро бе нерӯи барқ монда буд.

 

 

барчасп: