Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва риояи қоидаҳои оббозӣ дар вилояти Суғд

Ҳамасола бо расидани мавсими гармо ва баланд гардидани ҳарорати ҳаво талаботи табақаҳои гуногуни аҳолӣ хусусан наврасон ба оббозӣ дар кулу дарёҳо ва лагерҳои истироҳатию фароғатӣ зиёд мегардад. Вобаста ба ин фаъолият ва корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ аз тарафи мутахассисони Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зиёд мегардад.

Аз ҷумла, аз ҷониби Раёсати Кумита дар вилояти Суғд Нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ дар истироҳатгоҳҳо, лагерҳои наздимактабӣ, берун аз шаҳрӣ, санаторияҳо ва табобатгоҳҳо корҳои ташвиқотӣ ва таблиғотӣ ва гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ҷойҳои оббозӣ, шиногоҳҳо, қитъаҳои назди соҳилии обанборҳо, дарёҳо, кулҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Истиқлол ва ноҳияҳои Б.Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор  Расулов, Деваштич аз тарафи кормандони Раёсат ба мавсими оббозӣ 2018 корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ бо ҷалби намояндагони ВАО -и вилоятиву маҳаллӣ гузаронида шуд.

Дар минтақаҳои хавфноки кулу дарёҳо, ки ҷараёни равиши об тез аст, мавҷуд будани чуқуриҳо, гирдобҳо оббозӣ кардан манъ карда шуда, лавҳаҳои огоҳкунанда насб карда шуданд.

Ин гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар вилоят идома дорад.