Фоҷеа дар Айнӣ: шахпора модар ва се фарзандашро кушт

20 – уми майи соли 2018  дар ҷамоати Фондарё, деҳаи Марғзори ноҳияи Айнӣ  бар асари канда шудани шахпорае модари 30-сола бо се фарзандаш ба ҳалокат расиданд.

Ҳангоми ҳодиса ин модар ва тифлонаш дар саҳро саргарми роҳандозии корҳои саҳроӣ буданд. Фоҷеа дар қаламрави Сангҳои Чигишт рух додааст

 Дар натиҷаи зарби сахти шахпора ҳамаи ин чор узви як хонавода дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

барчасп: