Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар чорабиниҳои Рӯзи дави миллӣ ширкат кард

Тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Рӯзи дави миллӣ ширкат намуд.

 Ҳамасола дар сар то сари кишвар рӯзи 20-уми май Рӯзи дави миллӣ мегузарад ва ин як анъанаест, ки таваҷҷӯҳи сокинонро ба варзиш ва саломатӣ бештар ҷалб мекунад.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бештар аз 100 кормандони ширкат карданд. 

Кормандони КҲФ дар қатори ҳазорон нафар намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ саф кашиданд. Барояшон лозим омад 10 км масофаро даванд.

Ин чорабинии варзишӣ нишон дод, ки наҷотдиҳандагон омодагии хуби ҷисмонӣ доранд ва онҳо метавонанд мубаллиғони тази ҳаёти солим бошанд. 

Ҳамчунин дар Рӯзи дави миллӣ кормандони воҳидҳои КҲФ фаъолона ширкат карданд.

барчасп: