Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Тамринҳои бехатарӣ дар вилояти Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимиву методӣ баргузор кард. Дар он кормандони масъули ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо аз шаҳри Гулистон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Шаҳристон даъват шуда буданд.

Аввалин чорабинӣ ба такмили ҳамкории хадамоти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда бо Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд дар давраи гузаронидани омӯзишҳо ва бартарафсозии садамаҳои бамаломада, ҳамчунин омӯзиши аҳолӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулоддаро дар бар мегирифт. 

Ширкаткунандагон аз ҷумлаи кормандони масъули мақомоти маҳаллии давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд ахбори заруриро дар мавриди амал дар ҳолатҳои фавқулодда дарёфт карданд. Ҳамчунин ба ширкаткунандагон маводҳои таълимиву методӣ тақсим карда шуданд. 

барчасп: