Жола меояд: Чӣ бояд кард?

Фасли баҳор мавсими борону жола аст. Боронҳои шадиди рӯзҳои гузашта ҳатто дар мавридҳое хатар доштанд ва хисорат оварданд. Жола низ хоси баҳор аст. Аз ҷумлаи ҳамон офатҳоест, ки ногаҳон меояд ва одамон аксар маврид дар ғафлат мемонанд. Аммо роҳҳое ҳастанд, ки метавон аз хавфи эҳтимолии раъду барқ, боронҳои селосо ва жола эмин монд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе қоидаҳои бехатариро ҳангоми борону жола ва раъду барқ ёдрас мекунад.

Тасияҳо барои аҳолӣ дар вақти раъду барқ:

- Агар шумо ҳангоми рух додани раъду барқ савори дучарха ва ё мотосикл ҳастед, фавран аз ҳаракат бозистед ва гузаштани раъду барқро дар масофаи тақрибан 30 метр мунтазир шавед. Дар мошин низ набояд дар ин ҳол ҳаракат кунед, зеро эҳтимолияти зарар расидан ба системаи электроникаи мошин вуҷуд дорад. Бояд мошинро нигоҳ доред ва гузаштани ҳавои бадро мунтазир бошед.  

- Агар ҳангоми раъду барқ шумо дар ҷойи кушод қарор доред, тавсия мешавад, ки ба замин ва аз рӯи имкон дар ягон пастхамӣ дароз кашед. Муҳим он аст, ки дар наздикии шумо дарё, кӯл ва ё ҳавз набошад, зеро  об паҳнкунанда ва ноқил барои барқ аст ва қувваи чароғак метавонад дар доираи то 100 метр аз  махзани об паҳн шавад.

Тавсияҳо ба аҳолӣ дар ҳоли боронҳои шадид:

- дар ҳоли дар кӯча қарор доштан эҳтиёт кунед, ба комилу побарҷо будани хатҳои интиқоли неруи барқ таваҷҷӯҳ намоед;

- ҳама абзори суст пайвастшуда дар манзили истиқоматии худро маҳкам кунед, хароб шудани ин абзорҳо метавонанд сабабгори ҷароҳатдор шудани одамон шаванд;

- соҳибони хонаҳои шахсӣ бояд сари вақт қубурҳои обгузарро барои селҳои эҳтимолӣ омода созанд.

Тавсияҳо ба аҳолӣ ҳангоми жола:

 - то ҳадди имкон аз хона берун нашавед;

- агар дар хона бошед, пас кӯшиш кунед дуртар аз тиреза қарор гиред;

- дар ин ҳолат аз асбобҳои барқӣ истифода накунед, маъмулан жола бо раъду барқ бо ҳам меояд;

- вақте дар кӯчаед, талош кунед дар паногоҳе паноҳ баред ва агар ин номумкин аст, саратонро аз зарби жола ҳифз кунед (бо сумка, либос ва ҳаддиақл бо дастонатон пӯшед);

- кӯшиш накунед дар чунин ҳолатҳо зери дарахтон паноҳ баред, зеро хатари ба онҳо бархӯрдани раъду барқ зиёд аст ва боз ин ки жолаи азим ва боди шадид метавонад шохи дарахтонро шиканад, ки ин боиси ҷароаҳат дидани Шумо мешавад. 

Донистани ин қоидаҳо имкон медиҳанд, ки одамон худ ва атрофиёнашонро аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолии вобаста ба раъду барқ ва жола ҳифозат намоянд. 

Ботаваҷҷӯҳ бошед! Бачаҳоро беназорат нагузоред!

Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои хатарнок бо шумораи 112 ва ё қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо телефони  223 13 11 занг занед.

Навбатдори фаврии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:  225-44-73, 225-44-76, 225-44-90

Навбатдори фаврии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
(83222) 2-35-05, 2-78-28

Навбатдори фаврии Раёсати КҲФ дар ВМКБ
(83522) 2-40-57, 2-53-47

Навбатдори фаврии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
(83422) 6-58-72, 5-15-55