Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Рӯйдодҳои олам: Сӯхторҳои ҳалокатбор, ҳамлаи заррофа ба инсон, таркиши конҳо дар Покистон

Инҳо номгӯи ҳамагӣ чанд хабаранд, ки зарфи ин як шабонарӯзи охир дар олам гузашта. Дар вилояти  Ширнаки Туркия 12 хонандаи синфҳои болоии мактаб аз раъду барқ зарар диданд. Бино ба гузориши хабаргузории Daily Sabah чароғак ба дарахте бархӯрд, ки хонандагон ҳангоми сайругашт зери он аз борон паноҳ бурда буданд. Мошини ёрии таъҷилӣ ба ҷойи ҳодиса омад, аз талафоти ҷонӣ хабаре интишор нашудааст.

Дар иёлоти Ню-Йорки ИМА ҳавопаймо ба замин зад. Ба гузориши ТААС дар ин ҳавопаймои хурдакак ду нафар сафар доштанд ва ҳарду ба муҷарради ба замин задани тайёра ба бемористон интиқол ёфтаанд. Вазъи саломатии онҳо хуб гузориш шудааст. 

Дар вилояти Маскави Русия як хонавода аз истеъмоли мураббои гелосӣ ба ҳалокат расидаанд. Муфаттишон оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Дар хабари Интерфакс гуфта мешавад, ки эҳтимолан аз истеъмоли мураббои гелосӣ ду зан ва як тифли дусола фавтидаанд. Аммо мақомот мегӯянд сабаби ин рӯйдодро ташхиси тиббӣ дақиқ хоҳад кард.  

Худдорӣ аз интиқоли тимсоҳҳо

Дар фурудгоҳи Хитроу (Лондон) аз интиқоли 50 тимсоҳ пешгирӣ карданд. Мақомот гуфтаанд, ки соҳибони ин тимсоҳҳо қоидаҳои интиқоли ҳайвонҳои ваҳширо вайрон накардаанд.

Lenta.ru истинодан ба  BBC News хабар додааст, ки ин тимсоҳҳоро барои гӯшташон аз Малайзия меоварданд. Ҳангоми интиқол тимсоҳҳо бо ҳам пархош мекарданд ва соҳибонашон оддитарин қоидаи беҳдоштиро риоя накарда буданд. Ин 50 тимсоҳ дар ҷойи барояшон танг нигаҳдорӣ мешуданд. Дар ҳар қуттӣ мебоист то чор ҳайвон ҷо дода мешуд, вале онҳо 10 тимсоҳро дар як қуттӣ ҷо дода буданд. Бар асари тангии ҷой ва фишори дигарон яке аз ин хазандагон ба ҳалокат расидааст. 

Ин тимсоҳҳо тибқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба тиҷорати ҳайвонҳои баҳрӣ ва олами набототе, ки дар ҳоли нест шудан қарор доранд, мусодира шудаанд. Намояндаи Хоум дар Вазорати корҳои дохилии Британияи Кабир гуфтааст, ки барои хазандагон ҷойи дигар ҷустуҷӯ мекунанд ва он ҷо нигоҳ дошта хоҳанд шуд. 

Ҳамоно 45 нафарро дар сӯхтори Сан-Паул пайдо накардаанд

Шумори ҳалокшудагон дар сӯхтори хонаи баландошёна дар шаҳри Сан-Паули Бразилия метавонад ба 45 нафар расад. Аз ин пештар расонаҳои хабарӣ аз ҳалокати танҳо як нафар хабар дода буданд ва гуфта мешд, ки 3 нафар бенишон ғайб задаанд.

Аммо ахиран Globo истинодан ба манбаъҳои худ дар пулиси шаҳр хабар дод, ки тибқи рӯйхати бошандагони ин хона ҳоло аз бенишон ғайб задани 45 нафар тахмин меравад.  Ҷойи будубоши он одамон ҳоло маълум нест, вале ин ба он маъно ҳам нест, ки ҳамаи онҳо зери деворҳои фурӯрафта монда бошанд.

Мақомоти сӯхторнишонӣ хабар додаанд, ки ин сӯхтор аслан аз баландии наздик шурӯъ шуд ва сӯхторнишонҳо имкон надоданд, ки он ба ҳамаи ин бино паҳн шавад. 

Тибқи фарзияҳои аввал ин сӯхтор метавонад бар асари ҷанҷол миёни аъзои як хонаводае сар зада бошад, ки ғизо омода мекарданд ва спиртро ба сифати оташ истифода менамуданд.  Зан мардро ба оташе тела додааст, ки аз резиши спирт аланга мезад ва ҳарду дар он сӯхтаанд. Аммо гунаҳгорон зуд либосҳои худро берун овардаву ҷонашонро аз хатар наҷот додаанд. 

Бар асари фурӯ рехтани ду кон дар Покистон 18 нафар кушта шуданд

Таркиши газ дар кон 16 кӯҳканро дар муҳосира гирифт ва баъдан бар асари роҳандозии амалиёти наҷот ҷасади ҳамаи онҳо берун оварда шуд.

Дар натиҷаи таркиши газ дар кони ангишти наздикии шаҳри Кветтаи Покистон на камтар аз 16 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин таркиш рӯзи шанбе рух дод ва ду тани дигар низ аз зарби ҳамин инфиҷор дар кони ҳамсоя ҷон супурданд. Бино ба гузориши The Express Tribune ин ҳодиса дар ноҳияи Марваархи минтақаи наздик ба шаҳри Куветта, вилояти Балуҷистон рух додааст. 

Дар аввалин фурсат аз ҳалокати 16 тан хабар дода шуд. Аммо ҳамон рӯз таркиши дигар дар кони ҳамсоя рух дод, ки дар натиҷа 2 нафари дигар ҳам ба ҳалокат расиданд.  

Дар ҳарду инфиҷор аз захмӣ шудани боз нӯҳ нафари дигар ҳам хабар дода мешавад. Дар гузоришҳои аввалия гуфта мешавад, ки ин коргарон дар кон аз Панҷоб будаанд ва бидуни ягон аснод ва риояи қоидаҳои бехатарӣ кор мекарданд. 

Ҳалокати коргардон аз ҳамлаи заррофа

Коргардон Карлос Карвало ҳангоми наворбардории филмаш дар Африқои Ҷанубӣ бар асари ҳамлаи заррофа кушта шуд. Дар ин бора  ахиран The Sun хабар дод.    

Карвало ҳайвоноти бешаро наворбардорӣ мекард, ин ҳамон маконе буд, ки ҷаҳонгардон барои тамошои манзараҳои табиат меомаданд. Аммо дар ин асно ногаҳон заррафа ба назди коргардон пайдо шуд ва чун мехост бо истифода аз фурсат онро аз наздик наворбардорӣ кунад, мавриди ҳамлаи ҳайвон қарор гирифт. Заррфа ӯро чунон зарбаи сахте зад, ки чандин метр дур уфтод. 

"Вақте заррофа Карвалоро бо сараш заду дур андохт, ман дар паҳлӯи ӯ будам. Корвало аз ин зарба 4 ё 5 метр дур парид”,- нақл кардааст шоҳиди ин ҳодиса наворбардор Дитрк ван дер Мерв.

Коргардонро филҳол ба бемористони Йоҳаннесбург бурданд, вале хеле ба зудӣ аз зарби дар сар хӯрдааш ҷон дод. 

Соҳибони фермае, ки навори филм он ҷо мегузашт, ба бегуноҳии заррофа исрор меварзанд ва мегӯянд Карлос худ қоидаҳои бехатариро риоя накард, вагарна ин ҳодиса бояд рух намедод. 

Карлос Карвало коргардони машҳурест, ки бо филмҳояш дар бораи олами ваҳшиён ном баровардааст ва ҳатто ба дарёфти чанди ҷоизаҳои машҳури байналмилалӣ, аз ҷумла мукофоти  “Шери нуқраӣ” ва ҷоизаи синемои Академияи Африқо низ сазовор шудааст. 

барчасп: