Дар Кумита вохӯрӣ бо намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои  Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамиров зимни суханронии худ атрофи ин масъала ба иҷрои бечунучарои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид намуд. Љанбаҳои ҳуқуқии қонуни мазкур шарҳ дода шуд.  Мутахассиси Кумитаи номбурда Муҳиддин Тухтахоҷаев бо мисолҳои мушаххас  чорабиниҳои ахиран роҳандозишуда дар ин заминаро ба њайати шахсии Кумита расонид.

Дар ҷараёни мулоқот миёни кормандон ва намояндаи Кумитаи дин табодули афкор сурат гирифт ва ҳозирон фикру мулоҳизаҳои худро атрофи қонуни ёдшуда ва риояву иҷрои он иброз доштанд. 

Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна дарсҳои омӯзишиву маърифатӣ дируз дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ва дигар воҳиду сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пайваста мегузаранд.

барчасп: