ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ. ДУ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осудаи сокинони сайёраро зери хатар гузоштааст. Ҳарчанд барои решакан кардани ин падидаи номатлуб тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ мубориза бурда истодаанд, аммо хатари он то рафт печидатар мешавад.

Хатари таҳдиди марг, носолим гардондани вазъи ҷомеа, иғвоандозӣ дар байни одамон, махсусан миёни ҷавонон ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ аз ҷумлаи амалҳои гурӯҳҳои ифротгаро гуфта мешавад.
Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфта мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

Яке аз шаклҳои ифротгароӣ ифротгароии динӣ мебошад, ки оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70 – 80 - уми қарни 20 рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳаракати “Толибон”, “Ал-қоида” ва “Ҳизб-ут-таҳрир” мушоҳида карда метавонем.
Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” (соли 2003) ташкил медиҳанд.

Мо, омӯзгорон чун табақаи пешқадам ва закии ҷомеа, бояд дар сафи пеши мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ бошем. Вобаста ба ин, дар дарсҳои ҳаррӯза ва тарбиявӣ ба хонандагон бо далелу рақамҳо равшану возеҳ фаҳмонем, ки терроризм ва ифротгароӣ чист, аъзоёни он чӣ мақсад доранд, таърихи пайдоиши онҳо аз куҷо маншаъ мегирад, пайравону роҳбаронашон киҳоянд ва амалиёти онҳо барои ҳаёти инсонҳо чи сон хатаровар аст. 

Ба хонандагон дар бораи кирдорҳои ғайриинсонӣ ва марговари террористон дар чанде аз кишварҳои олам, аз ҷумла Ироқ, Туркия, Русия, Афғонистон ва ғайра бо далелу рақамҳо, нишон додани лаҳзаҳо аз амалиётҳои фоҷиабори террористон тавассути дастгоҳи видеоӣ ба мақсад мувофиқ аст. Дар роҳрави муассиса ва синфҳо таҳия намудани гӯшаҳои “Ифротгароӣ ва терроризм - вабои аср”,”Оқибати кори террористон”, “Лаънат ба ифротгароён ва террористон” низ зарур аст.   

Амоншо ПАЛАВОНОВ,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №32-и ноҳияи Сино

БОЗЧОП аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”№: 78

барчасп: