Кормандони Кумита чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳодисаҳои нохуш дар обанборҳо баргузор намуданд

Бо мақсади ташкили чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунандаи ҳодисаҳои нохуш дар обанборҳои мамлакат то оғози мавсими оббозӣ, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар масҷидҳои шаҳри Бохтар бо имом-хатибон ва намозгузорон оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар назди обанборҳо ва дохили он вохурӣ баргузор намуданд.

Дар рафти вохурӣ масъалаҳои риояи қоидаҳои бехатарӣ дар назди ва дохили обанборҳо, дарёҳо баррасӣ гашт. Кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ба иштирокчиёни вохурӣ муроҷиат карда, хоҳиш намуданд, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва ҳангоми истироҳат дар назди кӯлу дарёҳо ҳатман қоидаҳои муайянгаштаро риоя намоянд.

Дар интиҳои вохурӣ ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ оид ба рафтори дуруст дар назди ва дохили обанборҳо тақсим карда шуд.

 

барчасп: