Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳушдор аз тӯфон дар ду рӯзи оянда

Се рӯзи оянда кишвар дар гирдоби борону барф (дар кӯҳҳо), раъду барқ, тӯфону жола хоҳад монд. Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, омадани сел, резиши санг аз эҳтимол дур нест. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ХЕЛЕ ЭҲТИЁТКОР БОШЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 24 то 26-уми апрели соли равон дар ҷумҳури тағйирёбии обу ҳаво дар назар дошта шудааст. 

 Боронҳои шадид меборанд (шабона дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр барф), дар баъзе манотиқ раъду барқ мешавад, дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимоли омадани жола низ вуҷуд дорад.

Ҳарорати ҳаво рӯзона аз 8 то 10 дараҷа паст мешаванд. Шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония мевазад.

24-уми апрел дар вилояти Хатлон гарду ғубор ва тӯфони шадид дар назар дошта шудааст.

Бар асари боронҳои шадид эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсӯ ва дарёчаҳое, ки дар водии Ҳисор ҷорӣ мешаванд вуҷуд дорад. Хатари аз раъду барқ зарар дидани одамон низ кам нест. 

Сангрезиш ва омадани сел низ аз эҳтимол дур нест. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании наздзи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳад, ки  бехатариву амнияти худро ҳифз кунанд. Дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили рӯдхонаҳову баҳру кӯлҳо ба қасди моҳидорӣ худдорӣ кунанд, аз ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар зироатҳое, ки дар доманакӯҳҳо мерӯянд, даст кашанд. 

Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шахсоне, ки аз бемориҳои дил ранҷ мебаранд, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор кунанд, миқдори кофии доруҳои таъиншударо бо худ дошта бошанд. 

Дар ҳоли хатар аз офатҳо бо телефони 112 ва ё ба қисми навбатдорӣ бо телефони 223 13 11 занг занед.

Рақами телефонҳои КҲФ дар шаҳри Душанбе: 225-44-73, 225-44-76, 225-44-90
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон: (83222) 2-35-05,  2-78-28

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:  (83522) 2-40-57, 2-53-47

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:  (83422) 6-58-72, 5-15-55

барчасп: