Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Идомаи тамринҳои омӯзишӣ оид ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда

Меомӯзонанд, то ки дар вақти зарурат хатари офатҳо кам шаванд. Дарсҳои омӯзишиву тамринҳо танҳо ба ҳадафе гузаронида мешаванд, ки аҳолиро дар ҳолати омодабош нигоҳ доранд. Офатҳои табиӣ вақту замони дақиқи сар задан надоранд. Ҳоло сел нест. Вале он омаданист, ҳоло тарма нест, вале он шояд ояд, ҳоло аз ярч нишоне нест, вале имкони он вуҷуд дорад...Танҳо роҳи коҳиши хатар ин омода будан аст. Ва дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин ҷиҳат хуб таваҷҷӯҳ мешавад ва бо як барномарезии дақиқ  ба сокинон роҳу шеваҳои наҷот аз хатари офатҳоро меомӯзанд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар ҳамаи ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ тамринҳо роҳандозӣ мешаванд. 

Бо мақсади такмили малакаҳои рафтори бехатар дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон кормандони Раёсати КҲФ як силсила чорабиниҳо оид ба шеваҳои ҳимояи хонандагони мактабҳои таълимоти умумӣ, интиқоли онҳо ба маконҳои амн дар сурати таҳдиди хатар ва ғайра тамринҳо гузаронида шуданд. 

Ҳадафи ин ҳама тамринҳо омода кардани мактабҳои таълимоти умумӣ ба ҳолатҳои эҳтимолии фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ мебошад.

Дар ин тамринҳо дарсҳо тибқи барномаи “Нақшаи амал оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҲФ” амалан иҷро мешавад ва дар ҷараёни машқҳо роҳу усулҳои ҳимояи хонандагон ва кормандони мактабҳои таълимоти уммуӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ тамрин мешаванд.  Ба ин машқҳо ҳайати роҳбарикунанда, хонандагон ва ҳамаи кормандони дигари макотиб ҷалб карда мешаванд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ дар ин омӯзишҳо ба масъалаҳои ҳимояи муассири донишомӯзон дар ҳолатҳои фавқулодда ва роҳандозии корҳои наҷот равона мешавад. 

Дар марҳилаи омодагӣ кормандони Раёсати КҲФ бо мактаббачагон, ҳайати омӯзгорон ва хизматчиёни мактабҳо дарсҳои назариявӣ мегузаронанд, ки дар ҷараёни он тартиби роҳандозии тамринҳо, пайдарҳамии иҷрои чорабиниҳои ҳифозатӣ ва риояи тадбирҳои бехатариро машқ мекунанд.

барчасп: