Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Хушбинии муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ аз тавсеаи ҷаҳонгардӣ дар кишвар

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо ҷонишини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода баргузор шуд.

Дар рафти мулоқот Ҳабибулло Амирбекзода дар бораи самтҳои асосии кори Кумита, тамоилҳо ва дурнамои рушди ҷаҳонгардӣ дар кишвар нақл кард. Вай қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зарфиятҳои бузурги сайёҳӣ бархӯрдор аст ва дар ояндаи наздик яке аз пешсафтарин кишвар дар ин самт  хоҳад шуд. 

Ҳ. Амирбекзода зикр намуд, ки бо мақсади рушди сайёҳӣ, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дурусту муваффақона пешниҳод намудани имкониятҳо, зарфиятҳои сайёҳӣ, фарҳанги миллӣ ва ҷалби ҷаҳонгардон ба кишвар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд. 

Ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Рустам Шоҳиён ба меҳмон барои ироаи маълумоти зарурӣ изҳори ташаккур намуд ва зимнан қайд кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи КҲФ ва Кумитаи рушди сайёҳӣ қабл аз ҳар чизи дигар ба тавсеъаи ҷаҳонгардӣ дар кишвар ва таъмини бехатарии шаҳрвандон равона шудааст. 

Дар поёни мулоқот миёни ширкаткунандагон дар мавзӯъи рушди сайёҳӣ дар кишвар табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: