Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Мехоҳед дар Русия таҳсил кунед?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби довталабон барои дохил шудан ба Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар солҳои таҳсили 2017-2018 озмун эълон мекунад. Дар озмун танҳо ҷавонмардони аз 17 то 24-сола метавонанд ширкат кунанд.

Таҳсил самти “Амнияти техникӣ” (омодагии “Ҳимоят дар ҳолатҳои фавқулодда”)-ро дар бар хоҳад гирифт. 

 Интихоби довталабон дар асоси озмун ва натиҷаи имтиҳон аз таърихи Русия (шифоҳӣ) ва забони русӣ (хаттӣ) гузаронида мешавад.

Шароитҳои таҳсил:

- донишомӯзон замони таҳсил бо хобгоҳи ройгон таъмин карда мешаванд;

- онҳо тӯли замони таҳсил бо стипендияи давлатӣ, ки ҳаҷми онро қонунгузориҳои Федератсияи Русия муайян кардаанд, таъмин карда мешаванд:

- мӯҳлати таҳсил 4 сол буда, хатмкунандагон соҳиби унвони “Бакалавр” мешаванд. Шакли таҳсил рӯзона.   

Хоҳишмандони ширкат дар озмун метавонанд аризаи худро ба Раёсати кадрҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда то 20-уми майи соли 2018 супоранд.

Ҳуҷҷатҳо бо суроғаи зерин қабул карда мешаванд:  

734013, ш. Душанбе, кӯчаи ба номи Лоҳутӣ,26
Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ.

Телефон барои маълумот: (+992 37) 227-71-81.   

Тавсия.

Довталабон метавонанд барои супоридани имтиҳони шифоҳӣ аз Таърихи Русия аз ин китоб, ки аз ҷониби доктори илмҳои таърих, Сармушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури байналмилалӣ Зафар Сайидзода навишта шудаву то кунун 4 маротиба чоп шудааст, истифода баранд. Китобро аз ин ҷо метавонанд пайдо ва мутолиа намоянд.
Таърихи Русия барои муҳоҷирини корӣ

барчасп: