Машғулияти омӯзишӣ бо кормандони Сарпрокуратураи ҳарбии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши афсарону кормандон дар самти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар мавзӯи «Амали ҳайати шахси ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда» кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарпрокуратураи ҳарбии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии мақомоти мазкур машғулияти омӯзишӣ гузарониданд.

Дар машғулият мавзуъҳо ва муаррифиномаҳои зиёде оид ба «Вазифаҳои КҲФ ва МГ”, «Ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар Тоҷикистон ба амал меояд», «Барномаҳое, ки самти соҳаро амалӣ месозанд», «Амали ҳайати шахси ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда» ва «Эътино ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пешниҳоди кормандони соҳа гардонида шуд. Бо пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ машғулияти амалӣ оид ба таҷҳизоти сухторхомушкунак, намудҳои он ва тарзи истифодабарии он низ пешниҳод гардид.

Мақсади асосии баргузории чунин чорабинӣ ин баланд бардоштани малака ва донишҳои омӯхта дар самти мудофиаи гражданӣ байни кормандони мақомот ва вазорату идораҳои дахлдор, инчунин омода намудани онҳо ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз тарафи иштирокчиён ба кормандони Кумита саволҳои мушаххас дода шуд, ки ба онҳо ҷавобҳо пешниҳод гаштанд.

 

барчасп: