Дар қисмҳои ҳарбии КҲФ маросими рухсати сарбозон ба эҳтиёт доир шуд

Сарбозоне, ки муддати ду сол адои хизмат намуданд, онҳое, ки баъди савганди садоқат ба номи Ватан дар тан либоси сарбозӣ муддати ин ду сол омодаи ҳар амру фармон буданд, имрӯз бо ҳамхизматони худ, афсарон ва қисмҳои ҳарбии худ худоҳофизӣ мекунанд. Ва бармегарданд ба зодбуми худ. Аммо ёди ин ду сол ҳамеша ва умре дар гӯшаи хотирашон нақш хоҳад баст.

Зарфи як ҳафтаи охир дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросимҳои тантанавии ба эҳтиёт рухсат кардани сарбозоне, ки муҳлати хизматашон ба охир расидааст, баргузор шуд. 

Маросимҳои гусел тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ” амалӣ мешавад.

Дар қисмҳои ҳарбӣ сафороии ҳайати шахсӣ баргузор шуд, ки дар он аз номи роҳбарияти Кумита табрикнома ва изҳори миннатдорӣ ба сарбозон қироат гардид. Ба ҳамаи онҳо шаҳодатномаҳои ҳарбӣ, медалҳо ва ифтихорномаҳо тақдим шуданд.

Тибқи анъанаи нек хизматчиёни ҳарбие, ки ба эҳтиёт ҷавоб мешуданд, бо камоли эҳтиром бо парчами қисми ҳарбии худ худоҳофизӣ карданд. 

Дар поёни ҳар чорабинӣ сарбозони рухсатшуда бори охир саф оростанд ва дар майдони қисми ҳарбӣ қадам заданд.

барчасп: