Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: аз боронҳои шадиди селовар эҳтиёт кунед!

Зарфи се рӯзи оянда дар кишвар ҳаво тағйир меёбад, боронҳо шиддат мегиранд, хавфи омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг вуҷуд дорад. Ҳангоми сафар аз ҷойе ба ҷойи дигар қоидаҳои бехатариро риоя кунед!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 7-ум то 10-уми моҳи апрели соли равон дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст.

Боронҳои шадиди селосо (дар минтақаҳои кӯҳӣ болотар аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барфи тар), суръати шадиди вазиши бод, ки то 20 метр дар як сония мерасад ва дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон тӯфони пурчанг вазъро метавонад мушкил созад.   

Таҳдиди хатари раъду барқ вуҷуд дорад. Сатҳи оби рӯдхонаҳо метавонад боло равад, дар роҳҳои кӯҳӣ бошад эҳтимоли омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг зиёд аст.  

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд, аз рафтан ба махзанҳои об худдорӣ варзанд, ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёт кунанд.

барчасп: