Тамринҳои омодабоши нерӯҳои зидди офатҳо дар қаламрави Хатлон

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон бо роҳандозаи силсилаи омӯзишҳо сатҳи омодагии ниҳодҳои Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар баъзе манотиқи қаламрави вилоятро санҷиданд.

Ин омӯзишҳо мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи КҲФ дар соли 2018 баргузор шуданд.

Дар омӯзишҳо дараҷаи омодагии коллективи хадамот дар ҳимоя аз офатҳои табиӣ тамрин шуданд, ҳамчунин омодагии нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми бартарафсозии  ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ гардиданд.   

Дар марҳилаи ниҳоӣ кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба зарурати ба ҳам омадан дар шароитҳои таҳдидҳои амалӣ ишора карданд ва ҷаҳонӣ будани ҳолатҳои фавқулоддаи техногениро зикр намуданд ва ба хотири тайиди гуфтаҳои худ филми кутоҳметражи мустанад дар бораи миқёси офатҳои табиӣ намоиш доданд, ки миёни ширкаткунандагон сабабгори баҳси доманадор шуд. 

Ҳамчунин дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон омӯзиши саҳроӣ таҳти унвони “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи нерӯҳо ва воситаҳо дар мудофиаи граждании ноҳия” гузаронида шуд. 

Дар рафти омӯзиш, ки дар се марҳила баргузор гардид, масъалаҳои омодагии мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дида баромада шуданд. Дар ин омӯзишҳо 1500 нафар ширкат карданд.   

Дар давраи омӯзиш дараҷаи омодагии аҳолӣ дар ҳимоя аз сел, обхезӣ, ярч, тарма, заминларза санҷида шуда, омодагиҳои нерӯҳо ва воситаҳои мақомоти идории ноҳия ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ шуданд.

Ғайр аз ин таҷҳизот ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ ба ҳоли омодабош дароварда шуданд. Бо мувофақа бо ҳокимияти иҷроияи ноҳия  системаи хабаррасонии фаврӣ дар вақти ҳолатҳои фавқулодда ва ё таҳдиди онро санҷиданд.

барчасп: