Омӯзиши соҳибмансабони идораҳои шомил ба Системаи ягонаи давлатӣ

Бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши фармондеҳиву ситодӣ оид ба мудофиаи гражданӣ барои шахсони мансабдоре, ки шомили Системаи ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда мебошанд, баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин сардорони шуъбаҳои КҲФ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва роҳбарони воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ширкат карданд. 

Дар ҷараёни омӯзиш ширкаткунандагон маҷмуъи машқҳоеро нишон доданд, ки вазифаи онҳо дар роҳбарӣ ба нерӯҳо ва воситаҳост.  

Дар рафти омӯзиш таҳлилгарони Институти умумиросиягии илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи ВҲФ Русия дар доираи татбиқи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ бо маблағгузории хазинаи Трастовии Федератсияи Русия иштирок карданд. 

Дар анҷоми омӯзиш муовини Раиси Кумита, полковник Ҷамшед Маҳмадзода ширкат ва суханронӣ намуд. Вай ба ҳамкорон аз Русия барои ҳамкориҳояи созандаашон изҳори миннатдорӣ кард ва ба таҳкими  ҳамкориҳои оянда таъкид варзид.