Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад

Зарфи чанд рӯзи оянда дар кишвар ҳавои боронӣ, раъду барқ дар назар дошта шудааст. Эҳтимоли лағзиши тарма, резиши санг, омадани сел вуҷуд дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳамин иртибот ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТКОР БОШЕД!!!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои пуршиддат, раъду барқ ва дар минтақаҳои куҳӣ, дар баландии 2000 метр барфи тар меборад.  Хатари зарари раъду барқ эҳтимол дорад. 

Дар ин рӯзҳо хатари болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо таҳдид мекунад, дар роҳҳои кӯҳӣ бошад омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг эҳтимол дорад. 

КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад сабабгори садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо шавад, хати интиқоли неруи барқро хароб созад; дарахтонро афтонад ва роҳҳоро масдуд созад, пояҳои реклом ва дигар таҷҳизоти ларзонакро барканад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд, мошинҳои худро дур аз макони хатарнок нигоҳ доранд, ҳангоми гузаштан аз назди симчӯбҳо, пояҳои реклом, дарахтон ва маконҳои хатарзо бодиққат бошанд.

Ронандагонро зарур аст суръати ҳаракатро дар роҳҳои мошингарди куҳӣ боло набаранд, масофаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд ва сабабгори хатар барои атрофиён нашаванд.