Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Дарсҳои омӯзиши дар қисмии ҳарбии Кумита дар вилояти Хатлон

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита дар вилоят чорабинии интиқоли шаҳрвандон тибқи нақшаи мудофиаи гражданӣ баргузор карданд.

Дар рафти омӯзиш ширкаткунандагон дар бораи низоми кимиссияи интиқолӣ, ташкил ва тартиби роҳандозии ин гуна чорабиниҳо, оид ба нуқтаҳои ҷобаҷосозии муваққатии зарардидагон аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ва нақши хизматчиёни ҳарбӣ дар он маълумот доданд.  

Ҳамчунин қарор қабул шуд, ки дар сурати якбора боло рафтани сатҳи оби дарё нерӯҳо ва воситаҳои қисми ҳарбӣ ҳангоми интиқоли аҳолӣ ба ҷойи амн дар вилояти хватлон сафарбар карда шавад.