Корҳои соҳилмутаҳкамкунӣ дар қаламрави вилояти Суғд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷо бо намояндагони Ҳукумати вилоят ва аҳолии маҳаллии як қатор шаҳрҳо ва ноҳияҳои қаламрави вилоят корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тозакунии самтҳои ҷараёни об дар қитъаҳои хатарноки рӯдхонаҳо, сойҳо ва каналҳо гузарониданд.

Чунончӣ, корҳои соҳилбандӣ дар қаламрави ноҳияи Ашт роҳандозӣ шуданд. Дар ин кор намояндагони ҳукумати иҷроияи ноҳия, бо истифода аз техникаи Раёсати мелиоратсия ва ирригатсияи вилояти Суғд ва аҳолии маҳаллӣ ширкат карданд. 

Корҳои зиёде барои бастани соҳилҳои осебпазир, самти эҳтимолии об ҳангоми болоравии сатҳи об бар асари боришот, каналҳо, ҳавзҳо аз ҳар гуна ифлосиҳо ва хасу хасрӯбаҳо тоза карда шуданд. Ҳамзамон бо ин кормандони КҲФ дар миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ бурданд ва қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми обхезиҳову селҳо ва дигар офатҳои табиро фаҳмониданд. 

Ҳадафи аслии роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ боло бурдани сатҳи огоҳиҳои мардум аст, то одамон донанд, ки дар сурати пеш омадани ҳолатҳои фавқулодда чӣ бояд кунанд. 

Дар айни замон ин гуна корҳо дар ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Шаҳристон, ба номи Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров низ гузарониа мешаванд.