Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Баргузории ҷаласаи вилоятии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Комиссияи вилоятии  пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ таҳти раёсати Зоҳирзода У. - муовини Раиси Комиссияи вилоятӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа аъзоёни комиссия, роҳбарони ноҳияҳо ва кормандони хадамоти гуногуни салоҳиятдори вилоят оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибати офатҳо ширкат карданд. 

Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои ташкили кор ва омодагӣ ба мавсими баҳору тобистони соли 2018 дар қаламрави вилоят баррасӣ гардид.  

Зимни суханронии худ сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон полковник Сулаймон Исозода қайд кард, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ кормандони раёсат  мониторигнг дар манотиқи нисбатан хавфноки вилоят гузаронида мешавад. Ҳамчунин тибқи нақша муттасил миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад, сокинонро аз техникаи бехатарии амалҳо ҳангоми обхезиҳо, селҳо, заминларзаҳо, ярч ва дигар рӯйдодҳои офатовар хабардор мекунанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки корҳое зиёде оид ба тоза кардани ҷӯйборҳо, бастани соҳилҳо ва ғайра анҷом дода шудаанд ва ин гуна корҳо идома доранд. 

Дар ҷараёни ҷаласа ширкаткунандагон бо системаи  хабардоркунии аҳолӣ шинос карда шуданд, амалҳо оид ба интиқоли одамон ва ҳайвонот ба маконҳои амн, захираи хӯрокворӣ, хӯроки чорво ва ғайра муайян карда шуданд. 

Ғайр аз ин масъалаҳои ташкили ҷойҳо барои истироҳати умумии сокинон, сайёҳон ва маконҳои варзишӣ барарсӣ шуданд.

Оид ба масоили мавриди баррасӣ қароргирифта ба ҳамаи хадамоти дахлдор дастурҳо ва тавсияҳо дода шуданд.