Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Reuters: Дар садамаи ҳавопаймоии Непал на камтар аз 50 нафар ба ҳалокат расиданд

Аз ин садамаи маргбор рӯзи душанбе хабаргузориҳо иттилоъ доданд. Аммо маълумоти дақиқи ҳалокшудагон ва захмбардоштагон то ҳол расонаӣ нашудааст.

Бар асари садамаи як ҳавопаймо дар фурӯдгоҳи непалии Трибхуван на камтар аз 50 нафар кушта шуданд. Дар ин бора ожонсии хабарии  Reuters истинодан ба намояндагони артиши Непал хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории  AFP  бо истинод ба намояндаи расмии пулиси маҳаллӣ теъдоди ҳалокшудагонро 40 нафар эълон кард. Аммо  ожонсии иттилоотии AP низ бо такя ба хабари пулиси маҳаллӣ шумори ба ҳалокатрасидагонро 38 нафар гуфт ва навишт, ки 23 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. 

Ҳавопаймои Bombardier Q400, ки дар хатсайри Дакка-Катманду парвоз мекард, аз хати нишаст берун шуд ва оташ гирифт. Бино ба навиштаи рӯзномаи  The Kathmandu Post ҳавопаймо бо 67 мусофир ва 4 узви экипаж парвоз карда буд. Ин нашрия аз бистарӣ шудани 25 мусофири ҳавопаймо дар наздиктарин бемористони шаҳр хабар дод. 

Нашрияи Kathmandu Tribune бо такя ба маълумоти навбатдор навиштааст, ки халабон самти ҳаракатро иштибоҳ кард. “Ба ҳавопаймо иҷозат дода шуда буд, ки аз самти ҷануб ба замин нишинад, вале он дар хати шимол нишаст”,- иқтибос овардааст нашрия аз суханони сарвари раёсати ҳавопаймоии Непал Санжив Гаутам. 

Маълумоти дақиқ дар бораи теъдоди ҳалокшудагон ва захмбардоштагон расонаӣ нашудааст.

барчасп: