Мулоқот бо ҳайати намояндагони созмони байналмилалии «Oxfam» дар КҲФ

Ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкориҳои Кумита бо созмони байналмилалии «Oxfam»  вориди марҳилаи дигар шудааст.

21 – уми феврали соли 2018 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо ҳайати намояндагони созмони байналмилалии  «Oxfam» бо сарварии директори минтақави ин ташкилот дар Осиё хонум Лилиан Меркадо баргузор шуд. 

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ, таъмини ҳифз ва бехатарии аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳалли масъалаҳои ёриҳои башардӯстона, ҳамчунин дигар ҳамкориҳои имконпазирро мавриди суҳбат қарор доданд. 

«Мо талошҳои самимонаи ҷониби «Oxfam» дар ба даст овардани субот дар манотиқи офатҳои табииро нек арзёбӣ мекунем. Бахусус, таҷрибаи якҷояи мо дар ташкил ва омодасозии гуруҳҳои ихтиёрии наҷот дар минтақаи Кӯлоб намунаест, ки метавон дар дигар манотиқ онро татбиқ намуд. Ман ба ин боварам, ки имрӯз мо бо бастаи барнома ва тарҳҳои нав барои ҳифзи саломатии одамон  ва хоҷагиҳо аз офатҳо вориди марҳилаи навбатии ҳамкориҳо шудем”,- гуфт ҷонишини Раиси КҲФ полковник М.Салимзода.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба зарурати ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳо таъкид карданд.