Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Таъсиси гуруҳҳои ихтиёрии наҷот дар ноҳияи Восеъ

Дар 8 ҷамоат ва 8 рустои ноҳияи Восеъ барои омодагии мардуми маҳал ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаву офатҳои табии эҳтимолӣ гуруҳҳои ихтиёрии наҷот ташкил ва аз ҳисоби як тарҳи муштарак бо созмонҳои байналмилалӣ бастаи таҷҳизоти махсус ҷиҳати роҳандозии чорабиниҳои садамавиву наҷот супурда шуд.

Бо мақсади татбиқи вазифаҳои гузоштаи роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси гуруҳҳои ихтиёрии наҷот аз ҳисоби он зумра сокинони маҳаллҳо, рустоҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳое, ки дар минтақаҳои наздик ба хатар зиндагӣ мекунанд, кормандони раёсати Кумита дар вилояти Хатлон бо дастгирии  ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, муштарак бо созмонҳои байналмилалӣ як силсила чорабиниҳо гузарониданд. 

Чунончӣ, кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон бо дастгирии намояндагоии ОКСФАМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 8 ҷамоат ва 8 деҳаи ноҳияи Восеъ бастаи таҷҳизоти махсус ҷиҳати роҳандозии чорабиниҳои садамавиву наҷот барои гуруҳҳои ихтиёрие, ки аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ таъсис шудаанд, супурда шуд.

Ҳадафи аслии таъсиси ин гуна гуруҳҳои наҷот омодагии одамон ба ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ мебошад. Ҳар гуруҳ роҳбари худро дорад ва ҳамаи онҳо худро бо нақшаҳои амалии корӣ омода кардаанд. Бо ҳамин ҳадафҳо дар ҳамаи ҷамоатҳо нуқтаҳои қабул ташкил карда шудаанд ва ин нуқтаҳо бо адабиёт ва дастурҳои методӣ таъминанд. Дар ин нуқтаҳо кормандони КҲФ барои мардуми маҳалҳо ва гуруҳҳои ихтиёрӣ машқҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ мегузаронанд. 

Кормандони КҲФ ва созмони байналмилалии “Оксфам” дар Тоҷикистон намунаи модулҳо ва дастурҳои роҳбарӣ барои гуруҳҳоро таҳия кардаанд.

Харидорӣ ва таҳвили таҷҳизот дар доираи татбиқи лоиҳаи «DIPECHO X: Таҳкими зарфиятҳои муқобилият бо офатҳои табиӣ ва тағйири иқлим дар сатҳи ҷомеаҳои маҳаллии шаҳрӣ ва деҳот дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд” амалӣ гардид.