Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Протоколи аввалин мулоқоти идораҳои наҷоти Афғонистон ва Тоҷикистон имзо шуд

Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо сарварии иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии Агентии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба идораи хатарҳо ҷаноби Муҳаммад Аслам Саяс ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Ин дидор дар доираи аввалин мулоқоти дуҷониба оид ба идораи хатарҳо, таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадӣ  ҷиҳати омодагӣ  ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда миёни  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии Афғонистон сурат гирифт, ки рӯзи 15-уми феврал  дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. 

Ҳадафи аслии чорабинии баргузоршуда таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирии офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, бартарафсозии оқибатҳои онҳо дар қаламрави ду кишвар буд. 

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Р.Назарзода меҳмононро бо сохтор ва вазифаҳои Кумита, тадбирҳои густариши ҳамкориҳо бо идораҳои ҳамсони кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ошно намуд. 

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ҷонибҳо Протоколи  мулоқоти дуҷониба оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздимарзӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд.  

Ҷонибҳо қайд карданд, ки протоколи мазкур барои рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ равона шудааст. 

 «Имзои Протоколи мулоқот ин марҳилаи муҳим дар татбиқи амалҳои муштараки идораҳои наҷоти ду кишвар дар самти ҳимояи аҳолӣ ва қаламрав аз ҳолатҳои фавқулодда ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ  мебошад”,- гуфт ҷаноби Муҳаммад  Аслам  Саяс  зимни суханронии худ. 

Имзои ҳуҷҷати мазкур  барои баланд бардоштани сифати табодули ахбор мусоидат намуда,  талошҳои муштарак ба ҳолатҳои фавқулодда зуд ва самаранок вокуниш нишон дода, ҳамчунин дар ҳолатҳои зарурӣ барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва рӯйдодҳои дигари вобаста ба он ёрӣ расонидан  имкон хоҳад дод.