Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Тоҷикистон ва Швейсария ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳоро таҳким мебахшанд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода Фиристодаи махсуси нав таъиншудаи Агентии Швейсария оид ба рушд ва ҳамкориҳо ҷаноби Мишел Мордазини ва Мушовири минтақавии Осиёи Марказӣ ҷаноби Андре Верлиро ба ҳузур пазируфт.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷаноби Мордазиниро барои таъин шуданаш ба чунин вазифаи масъул муборакбод кард ва барояш комёбиҳо хост. 

Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳимояи аҳолӣ  ва қаламрав аз офатҳо, ҳамчунин татбиқи тарҳҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон барарсӣ шуданд. 

Сарвари Кумита бо зикри сатҳи баланди ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ миёни Тоҷикистон ва Швейсария дар бораи корҳои анҷомдодашуда дар масъалаҳои ҳолатҳои фавқулода дар кишвар, ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт сухан ронд.

Ҷаноби М. Мордазини бо изҳори ташаккур аз пазироии самимӣ фаъолияти Кумита баҳои баланд арзёбӣ кард. 

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи Кумита ва Швейсария дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед намуданд.