Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Аз сарозер шудани мошини “Хонда-Серви” 4 нафар ҳалок шуданд

Мошини тамғаи “Хонда – Серви” дар наздикии Хоҷа Обигарми ҷамоати Варзоб-Қалъа ба чуқурии 420 метр сарозер шуд ва бар асари он чор нафар мусофирон ва ронанда ба ҳалокат расиданд. Ҷасади се тани онҳо пайдо шуд ва ҷустуҷӯи ҷасади чорум идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда боз ҳам ба ронандагон ҳушдор медиҳад:
ҲАНГОМИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲҲОИ ПУРБАРФУ ЯХИИ КУҲӢ ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Бар асари боришоти шадид дар қаламрави куҳистонии кишвар хатари лағзиши тарма ва сангрезиш боқӣ мондааст. Вазъ дар роҳҳои мошингарди  Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Сангвор, Хоруғ-Ишкошим бештар хатарнок шудааст.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ, Сангвор ва Лахш, аз километри 54 то 72-и роҳи мошингради Душанбе-Хуҷанд резиши санг ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.  
Барои тоза кардани роҳҳо аз барф хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва  ширкати Innovative Road Solutions (IRS) мошинҳои махсус ҷудо кардаанд, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табииро роҳандозӣ мекунанд. Ситодҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳо шабонарӯзӣ дар коранд.  
Ёдовар мешавем, ки 15 – уми феврали соли  2018 бар асари лағзиши тарма дар 69-километраи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аз қабати ғафси барф ҳафт нафарро берун кашиданд ва ҷонашонро аз хатари марг наҷот доданд. Ин ҳафт нафар савори ду мошин аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буданд.  
 Ҳамчунин, рӯзи 15-уми феврали соли равон, соати 18:10 дар наздикии Хоҷа Обигарми ҷамоати Варзоб-Қалъа мошини тамғаи “Хонда-Серви” ба чуқурии 420 метр фурӯ рафт. Бар асари он чор нафар мусофирон ва ронандаи мошин ба ҳалокат расиданд.   
Дар амалиёти ҷустуҷӯ наҷотдиҳадагони Раёсати хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва кормандони ВКД Тоҷикистон муштаракан ширкат карданд. Ҷасади 3 нафар аз қурбониён пайдо шуд ва ҷустуҷӯи шахси чорум идома дорад.  
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хатарноки куҳӣ худдорӣ кунанд ва ронандагон ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо аз эҳтиёт кор гиранд ва ҷони худу ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.  
Хатари яхбандӣ, барфи шадид, тарма ва сангрезиш идома дорад!
Эҳтиёт кунед!