Тоҷикистон ва Афғонистон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд

Намояндагони идораҳои ваколатдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалин мулоқоташон дар шаҳри Душанбе барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешигирӣ, бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва коҳиши хатари офатҳо ба тавофуқ расиданд.

Ин мулоқот имрӯз, 15-уми феврал дар доираи татбиқи минбаъдаи лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳои коҳиши хатари офатҳо ва вокуниш”, ки миёни КҲФ, Ҳукумати Ҷопон ва Барномиа рушди СММ моҳи сентябри соли 2016 имзо шудааст, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин мулоқоти дуҷониба оид ба идораи хатарҳо, таҳкими ҳамкориҳои наздимарзии омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид. 

Дар кори конфронс сарварони идораҳои ваколатдор дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, роҳбарон ва намояндагони як қатор идораҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвари мо ширкат намуданд.  Дар ин вохӯрӣ Афғонистонро иҷрокунандаи вазифаи Директори Агентии милии афғонистон, ҷаноби Муҳаммад Аслан Саяз намояндагӣ кард.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои оғози ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт. 

Аз ҷумла ширкаткунандагон масъалаҳои амалҳои муштарак оид ба муқобилият бо офатҳои табиии наздимарзӣ, таҳияи ва имзои муоҳадаи дуҷониба оид ба ҳамкориҳо, таҳкими зарфиятҳои системаи идораи офатҳо дар Афғонистон, омода намудани мутахассисони соҳа дар Тоҷикистон, таҳияи ва қабули нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба то соли 2022 дар мавриди бунёди амборҳо дар ноҳияҳои наздимарзии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо Афғонистон барои нигоҳдории ашёи кумаки аввалия барои ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолиро мавриди баҳсу барасӣ қарор доданд. 

Дар поёни нишаст Протоколи мулоқот, Нақшаи ҳамкориҳои муштарак дар соли 2018 қабул гардид, ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи баргузории мулоқоти дуҷониба дар соли 2019 ба мувофиқа расиданд.