Мулоқот бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Бо мақсади ташкил ва  баргузории чорабиниҳои муштарак бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохурии  ҳайати шахсӣ бо намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Меҳроб Орзуев баргузор гардид.

Меҳроб Орзуев дар суханронии худ қайд кард, ки соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумист ва Кумита бо дастури Пешвои миллат барномаҳои зиёдеро барои тараққӣ додани сайёҳӣ ва ба соҳаи сердаромад ва муфид табил додани он рӯйи даст гирифтааст.

Меҳроб Орзуев таъкид кард, ки кишвари мо барои рушди сайёҳӣ ҳама имконоти лозимаро дорад. 

Намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчунин зикр кард, ки барои ҷалби сайёҳон шароитҳои муносиб, мавҷудияти иншоотҳои таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ нақши муҳим мебозад.   

Вай аз ҳозирон даъват намуд, ки бо мақсади татбиқи самараноки  Фармони Роҳбари давлат оид ба эълони соли 2018 чун Соли рушди сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ талош кунанд ва барои амалисозии барномаҳои давлатӣ шарик бошанд. 

Дар поёни мулоқот роҳбарияти КҲФ ба меҳмон барои суҳбати муфид ва мулоқоти муҳим изҳори ташаккур намуд.