Омӯзишҳои пайваста дар сиёсати кадрии Кумита нақши муҳим доштанд

Соли 2017 аз ҷониби Кумита аввалин 7 донишҷӯ ба Академияи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда Федератсияи Русия фиристода шуданд. 6 корманди Кумита ҳамчун шунаванда дар Академияи ҳифзи шаҳрвандони  Федератсияи Русия таҳсил мекунанд.

Дар сиёсати кадрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон дар аввалият қарор дорад. Раиси Кумита дар нишасти имрӯз бо таъкид ба ин нукта гуфт: “Дар КҲФ ба омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандон аз роҳҳои ташкили семинарҳо ва омӯзишҳои гуногун, ҳамчунин давраҳои омӯзишӣ диққати махсус дода мешавад. Соли гузашта кормандони Кумита дар конфронсҳо, семинарҳо, давраҳои омӯзишии байналмилалӣ ширкат карданд.

Аз ҷониби Кумита аввалин 7 донишҷӯ ба Академияи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда Федератсияи Русия фиристода шуданд. 6 корманди Кумита ҳамчун шунаванда дар Академияи ҳифзи шаҳрвандони  Федератсияи Русия таҳсил мекунанд.

Бо дарназардошти иқтидори пурқуввати кадрӣ ва омузишӣ, инчунин бо мақсади идома додани ҳамкорӣ бо «Донишкадаи фармондеҳӣ ва муҳандисӣ»-и Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус ба факултаи муҳандисӣ 11 нафар фиристода шуданд, 10 нафари онҳо айни замон дар воҳидҳои гунугони Кумита хизмат мекунанд. 6 донишҷӯ таҳсили худро дар дар факултаи муҳандисии «Донишкадаи фармондеҳӣ ва муҳандисӣ»-и Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус идома дода истодаанд.