Кумакҳои фазояндаи давлат ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар кишвар

Дар соли 2016 Комиссияи давлатии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда бо дастгирии молиявии Агентӣ оид ба захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони ноҳияҳои Дарвоз ВМКБ ва Лахш ба маблағи 3 млн. 195 ҳазору 636 сомонӣ кумакҳо, аз ҷумла маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмон, хаймаҳо ва дигар молҳои ниёзи ҳаррӯза ҷудо кард, ки  бо воситаи техникаи КҲФ ба зарардидагону ниёзмандон расонда шуд. Ғайр аз ин ба хонаводаҳои зарардида аз ҳисоби буҷаи давлатӣ кумаки яквақта ба маблағи 76 ҳазору 100 сомонӣ ҷудо гардид.

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки барои бартарафсозии офати табии - боронҳои пай дар пай ва омадани сели 26 июни соли 2017 ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияи маҳалии шаҳри Панҷакент ба 55 хоҷагӣ ба маблағи 18 ҳазору 493 сомонӣ маводи хурока ёрии яквақта расонида шуд. Ҳамзамон, 29 –уми июни соли 2017 аз тариқи Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба аҳолии  зарардида маводи хӯрока аз, аз ҷумла 5 562 кило орд, 217 кило равған, 556 кило нахӯд ва 111 кило намак расонида шуд.

Аз ҳисоби хазинаи захиравии раиси вилояти Суғд ба ҳар 70 хоҷагии зарардида ба миқдори 2000 сомонӣ, ҷамъ 140000 сомонӣ кумак карда шуд.

Ғайр аз ин бо қарори раиси шаҳри Панҷакент барои сохтмони 10 манзили истиқоматӣ дар маҳалли бехавф 0,48 га замин ҷудо карда ва ба ҳар оила 6 сотихӣ тақсим карда шуд. 

Ҳамчунин барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, боронҳои пай дар пай ва омадани сел дар таърихи 13-18 апрел ва 24 июни соли 2017 ба  ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз ҳисоби маблағҳои захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии вилояти Суғд, 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Соли гузашта 71 хона, аз ҷумлаи 101 хона бар асари офатҳои табиӣ пурра хароб гардида, аз нав сохта ба истифода дода шуд.