Наҷотдиҳандагони минтақаи Рашт роҳҳои мошингардро зери назорат гирифтаанд

Барфи ахиран борида дар қаламрави кишвар метавонад ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои куҳиро ба мушкил рӯ ба рӯ кунад. Хатари садамаҳо ва ё рӯйдодҳи дигари ба он монанд зиёд аст. Бахусус, яхбандиҳои шабона сабабгори ҳар гуна нохӯшиҳо шуда метавонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар баъзе манотиқи ноҳияҳои Сангвор ва Нуробод баландии барф 15-20 сантиметр мебошад.

Ба хотири таъмини бехатарӣ дар роҳи Душанбе-Рашт-Лахш ва расонидани кумаки фаврӣ кормандони бахши наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Рашт назорати шабонарӯзиро роҳандозӣ кардаанд. 

Ҳадаф сари вақт расидан ба ёрии ронандагон дар ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда аст. Ҳамчунин барои хадамоти роҳ техникаи махсуси роҳрӯбӣ ҷудо шудааст, ки роҳҳои мушкилгузари мошин дар минтақаро пайваста аз барф тоза мекунанд. 

Бахши раштии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии минтақа хоҳиш мекунад дар сурати пеш омадаи мушкил бо телефонҳои зерин муроҷиат кунанд:

Навбатдори масъул дар минтақаи Рашт:  код 3131 тел: 22374;

Навбатдори масъули Кумита: 112, 221-91-19,223-13-11