Тамрини тактикии наҷоти зери тармамондагон дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ

Дастаи зудамали наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тамрини тактикӣ оид ба расонидани кумак ба зарардидагон дар ҳоли фаромадани тарма баргузор намуд.

Ҳадафи роҳандозии ин тамрин такмили малакаҳои касбии наҷотдиҳандагон оид ба ошкорсозӣ ва наҷоти зарардидагон дар ҳоли омадани тарма бо усули “пармакунӣ” мебошад. Ин чорабинӣ аз он шуруъ шуд, ки Дастаи зудамали наҷотдиҳандагон ба ҳолати омодабош буданд.

Вақте ба ҷойи таъиншуда омаданд, ба якчанд гуруҳи ҷустуҷӯӣ тақсим шуданд ва ба нуқтаҳои эҳтимолии зарардидагони шартӣ равона гаштанд.  Барои ҳалли вазифаи дар пеш гузошташуда усули “пармакунӣ” истифода шуд: гуруҳи наҷотдиҳандагон саф мекашанд ва пармачаи махсуси дасти худро ба қаъри барф меандозанд. Яке паси дигар дар ҳар метри мураббаъ ин амалро такрор мекунад.

Дар сафи наҷотдиҳандагон кормандони тиб низ ҳузур доранд ва онҳо омодаанд ба муҷарради пайдо шудани ҷабрдида дар зери барф ба вай кумаки аввалини тиббӣ расонанд. Ба шарофати мусоидату ҳамкории гуруҳҳо “ҷабрдидагон” дар кутоҳтарин фурсад пайдо шуданд.

Ин гуна тамринҳо ҳамасола гузаронида мешаванд ва имкон медиҳад сатҳи омодагии неруҳои наҷот дар Раёсати КҲФ дар ВМКБ боло равад. Дар ҳоли пеш омадани ҳодисаҳои фавқулоддаи иртиботдошта ба тарма кормандони наҷот бо ин таҷрибаҳо амалан дастбакор мешавад ва ба зарардидагон сари вақт ёрӣ мерасонанд.