Идомаи корҳои соҳилбандӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон

соҳилбандӣ

Бо мақсади таъмини омодагиҳои лозим ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табии эҳтимолӣ ва таъмини бехатарии иншоотҳо аз сел, коҳиши сатҳи обҳои зеризаминӣ ва коҳиши хатарот аз ярч кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ширкат мекунанд.

То имрӯз корҳои тозакунии ҷараёни оби дарёҳои Панҷ, Вахш ва Кофарниҳон гузаронида шуд. Бо ёрии булдозерҳо ва экскваторҳо каналҳо тоза карда мешаванд, то ин ки дар ҳоли боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо қаламрави аҳолинишин ва заминҳои кишт зери об намонанд.

Ҳамзамон бо ин кормандони Раёсат ба санҷиши ҳолати ҷараёни об дар Вахшу Панҷро идома медиҳанд. Вазифаи асосии наҷотдиҳандагон санҷидани ҳолати гидрологӣ мебошад, то ин ки дар ҳоли ба миён омадани таҳдиди зери об шудани маҳалҳои аҳолинишин сари вақт ба кумаки аҳолӣ расанд ва ба рӯйдодҳо вокуниши фаврӣ нишон диҳанд. 

Ҳамчунин бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ соҳили рӯдхонаҳо аз хасу хокрӯба ва ҳар гуна ифлосиҳову партовҳо тоза карда шуданд.