Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Аз бориши барфу боди шадид эҳтиёт кунед!

Тағйири ҳаво зарфи ду рӯзи оянда метавонад корҳои саҳроро ба мушкил рӯ ба рӯ кунад ва рафтумад дар роҳҳои куҳиро хатарнок гардонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси маълумоти Агентии обу ҳавосанҷии Тоҷикистон дар бораи бад шудани обу ҳаво дар қаламрави кишвар рӯзҳои 16-17-уми январ хабар медиҳад ва аз шаҳрвандони ва меҳмонони мамлакат хоҳиш мекунад бахусус ҳангоми убур аз роҳҳои куҳӣ  эҳтиётро риоя кунанд.

Тибқи маълумоти манбаъи ёдшуда дар минтақаҳои куҳӣ бориши барф, қувват гирифтани боди шадид дар водиҳо, бахусус дар қаламрави вилояти Суғд ва ба вуҷуд омадани туман дар роҳҳои мошингард дар назар аст. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо ҳангоми истифода аз асбобҳои гармкунии барқӣ ҷиддан қоидаҳои техникаи бехатарии зидди сӯхторро риоя кунанд, дар истифода аз нерӯи барқ сарфакор бошанд. Ҳамчунин бо мақсади бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингард ва тай кардани ағбаҳо пеш аз сафар мошини худро аз назорати техникӣ гузаронанд, ноҷӯриҳои онро ислоҳ кунанд, чархҳои тобистонаро ҳатман бо чархҳои зимистона иваз намоянд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва масофаи таъиншударо риоя намоянд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд дар ин рӯзҳо аз гузаронидани корҳои саҳро, чаронидани чорво, омодасозии ҳезум ва рафтан ба шикоргоҳ ба қасди шикор худдорӣ варзанд.