Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Бархӯрди «Hyundai Starex” бо трактори канори роҳ муҷиби захмӣ шудани духтари ноболиғ шуд

Аз беэҳтиётии ронанда ва бархӯрди мошинаш бо трактори канори роҳ духтарчаи ноболиғ шадидан ҷароҳат бардошт. Ронанда мегӯяд дар торикии шаб тракторро надидааст, вале агар суръати ҳаракати мошин паст мебуд, шояд ин тасодуф иттифоқ намеуфтод.

Шаби торики 12-уми январи соли 2018 дар канори шаҳри Душанбе мошини сабукрави тамғаи   «Hyundai  Starex», ки аз қаламрави ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳоли ҳаракат буд, ба трактори “Мехлопата”, ки гӯшаи роҳ меистод, бархӯрд. Ғайр аз ронанда дар мошин боз духтарчаи ноболиғ аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон низ менишаст, ки аз бархӯрди сахти мошин ҷароҳати вазнин бардошт.

Бино ба иттилои аввалия ронандаи “Старекс” аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва гуфтааст, ки дар торикии шаб трактори канори роҳро надид. 

Ба ҷойи ҳодиса аз аввалинҳо шуда наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе расиданд.  Онҳо аввалин коре, ки анҷом доданд, духтарчаи дар дохили мошин бо ҷароҳат маҳкамшударо берун кашиданд. Ва фавран бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористон интиқол доданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд, суръати ҳаракатро баланд накунанд, масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд. Бахусус, вақти ҳаракат дар шабҳангом ва ҳавои тира қоидаҳои мошинрониро ҷиддан риоя намоянд.