Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Тамрини наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон

Будан дар сафи наҷотдиҳандагон ин эътирофи одамон аст, эътирофе, ки ҳаёт ва амнияти инсонҳо ва раҳоии онҳо аз ҳар гуна хатарҳо назар ба ҳаёти шахсӣ дар аввалият қарор мегирад. Он касе наҷотбахш дониста мешавад, ки ҷони худро ба хотири наҷоти дигарон дар хатар мегузорад.  Ва ин вазифа аст, вазифаи ифтихорӣ, вазифае, ки бо як ҷасорат дили ҳазоронро ба даст орад ва барои созмон ё ниҳодаш обрӯ оварад.

Аммо барои он ки наҷотбахшон дар иҷрои вазифаи худ ҳамеша омода бошад, бояд пайваста тамрин кунанд, маҳорату малакаи худро такмил диҳанд, худро барои мушкилтарин ҳолатҳо омода созанд. Мушкилписандиву сахткӯшӣ ин сифатест, ки ҳар наҷотдиҳанда бояд дошта бошад. 

Ин аст, ки дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни наҷоддиҳандагон пайваста омӯзишҳои тактикиву махсус оид ба омодагиҳои садамавиву наҷот роҳандозӣ мешавад.  Ҳамин гуна тамрин ахиран барои наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон гузашт. 

Ҳадафи аслии тамрин такмили малакаҳои наҷот миёни кормандони ин бахш, омодагӣ ва амал ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, сифатҳои ахлоқиву равонӣ миёни кормандон, ҳамчунин расонидани аввалин ёриҳои тиббӣ ба осебдидагон буд. 

Наҷотдиҳандагон пурра аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда баромаданд, тобовариву пурбардоштӣ ва тезкорӣ, нерӯ ва чобукӣ, кор карда тавонистан бо таҷҳизоти махсуси садамавиву наҷот дар ҳолатҳои ниҳоиро намоиш доданд.