Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Резиши санг дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ як нафарро кушт ва се тани дигар ҷароҳат бардоштанд

Боришоти ду рӯзи охир сабабгори резиши санг дар километри 225 – уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ шуд. Сангрезиш рӯзи 8-уми январи соли равон дар минтақаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рух дод. Бар асари зери санг мондани мошини “Старекс” ронанда ҳалок ва се мусофираш бо ҷароҳатҳо бистарӣ шудаанд.

Ба хотири роҳандозии корҳои поксозии роҳ аз сангу рег роҳ муваққатан баста шудааст. Дар ҷойи ҳодиса чор адад техникаи махсуси Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб карда шуда, ҳамчунин воҳидҳои вокуниши сареъи гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сафарбар карда шудаанд. 

Дар натиҷаи санрезиш мошини тамғаи “Старекс”, ки аз Хоруғ ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, бо се мусофираш зери санг монд ва дар натиҷаи он ронандаи мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Ба наҷотдиҳҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муяссар шуд, ки се мусофири мошинро наҷот ва худи мошинро аз зери сангрезаҳо берун кашанд.  Онҳо ҳоло ба бемористони ноҳиявӣ бистарӣ шудаанд.  

Дар айни замон як хати роҳ барои убури мошинҳои сабукрав боз шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин ҳолатҳои эҳтиёкор бошанд, чун эҳтимолияти сангрешҳои нав дар роҳҳои куҳӣ вуҷуд доранд.