Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ифротгароӣ ва мусибатҳои хонаводагӣ

Ифрот ва ифротгароӣ аз ҷумлаи мавзуъҳое мебошанд, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи дарсҳои тарбиявӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Наметавонад дигар хел ҳам бошад. Ифротгароӣ падидаест, ки метавонад кишварро бесубот гардонад. Бахсус, ҷалби ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои ифротӣ хеле хатарнок аст.

Аз ин рӯ дар барномаҳои таълимии Кумита барои ҳайати шахсӣ ва қисмҳои ҳарбӣ  мавзуъи терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва омилҳои пайдоиш ва мубориза бо он ҷойи намоёнро ишғол мекунанд.

Мақолае, ки дар зер меояд, нақли як сарнавишт дар иртибот ба ҳамин падидаи номатлуб аст.

***   ***   ***

Ду сол гузашт. Ҳанӯзам гиряи пиразан аз пеши назарам дур намешавад. Ман ӯро намешиносам, мегуфт аз вилояти Хатлон аст ва ба шаҳр омадааст, то аз ҳоли фарзанди зиндониаш хабар гирад. “Мо дар шаш моҳ як маротиба иҷозаи дидор дорем ва чун писарам муҷаррад аст, ноилоҷам худам оям ва аз ҳолаш хабар гирам”, - мегуфт ӯ дар ҳоле, ки гиря гулӯгираш мекард.  

Ба ман нусхаи мактуберо нишон дод, ки ба унвони Пешвои миллат навишта буд. Ба умеди авфи гуноҳи писари гумроҳаш. Мегуфт, аз дидорбинӣ, ки баромадам, ин номаро ба дафтари Пешво месупорам ва меравам.

Сарсарӣ ҳам буд ба нома чашм давондам. Муассир. Пиразане илтиҷо мекард, ки Президент аз гуноҳи фарзандаш гузарад, чун ҳам худаш бемор аст ва ҳам ин зиндонии шӯрбахт.

Мурод ном дошт ё каси дигар дақиқан ёдам намонда. Вале ҷурми ӯ дар ёдам нақш баст. Соле ҳазорон нафар ба гуноҳи дуздиву ғорату авбошӣ маҳрум аз озодӣ мешаванд ва номи онҳо дар ёди кас ҳам намемонад. Ва гуноҳи писари ин пиразан афзун аз ин ҳама буд. Ӯро дар роҳи сафар ба Сурия туркҳо дар кишварашон боздошт карда буданд ва бо дахолати консулхонаи Тоҷикистон ин ҷавон бо чанд шарики дигараш ба кишвар баргардонида шуданд. Ин ҳамон шабу рӯзе буд, ки додгоҳи олӣ парвандаи гуруҳи табаддулотгарони хоҷӣ Ҳалимро баррасӣ мекард. Терроризм, таблиғи он ва ё ширкат дар он гуноҳи сахт аст ва қонун ҷазои сангин талаб дорад. Аммо фарзанди ин пиразан ин гуноҳро дар хориҷ содир кардааст ва бори аввалу надониста. Надонистан аз ҷазои ҷиноӣ озод намекунанд, вале он ки бори нахуст даст ба ҷиноят задааст ё қасди содир кардани онро доштааст ва дар тафтишоту дар суд ҳам дурӯғ нагуфтааст ва изҳори пушаймонӣ кардааст, додгоҳ ҳукми сабуктарро лозим донистааст.

Пиразан бо ҳамон оби чашми шашқатор мегуфт, ки ӯ аз ҳукми додгоҳ шиква надорад ва ҷойе ҳам барои таҷдиди назар шикоят набурд ва бурданӣ ҳам нест. Чун медонад, ки писараш даст ба коре зад, ки дар ин авлод касе ба он даст назада буд. Мегуфт, Худованд раҳми моро хӯрд, ки боздошт шуд. Агар боздошту истирдод намешуд чӣ? Хуни даҳҳову садҳо бегунҳонро дар Сурия мерехт ва ин номаш мешуд ҷиҳод!

Ин суханон аз забони пиразан буданд. Вай мегуфту ба чизе нафрат дошт. Мегуфт чӣ ҷиҳоде ва боз дар куҷо? Сурия ба ту ватан аст? Номуси бародару хоҳарат поймол шуда, ки меравӣ қасос мегирӣ?  

Мурод яккаписар набуд. Аммо ягона нонбиёри ин хонадон буд. Дар Русия зиндагӣ дошт, кори хуб ҳам мекард, ҳар моҳ барои падару модари пиру додару хоҳарон пул мефиристод ва ин оила аз ҳамин ҳисоб мезист.

 Иртиботашон бо писар якбора ва ногаҳонӣ канда шуд. Як ҳафтаву ду ҳафта не, ҳаддиақал шаш моҳ робита надоштанд. Намедонистанд, ки ӯ ногаҳон куҷо ғайб зад. Рақами телефонаш ҷавоб намедод. Хона ба мотамкада табдил шуд, сарнавишти норушани фарзанд пирамардро абгор кард, бемор буд, заъиф шуда буд ва дигар ба ғам ҳам тоб наёварду ба беморӣ ҳам. Фавтид. Замоне фавтид, ки ду рӯз баъдаш аз писари гумном хабар расид. Аз Туркия ба Душанбе оварданд ва ҳоло зиндонист.   

Тахлх буд барои модар шунидани ин хабари шум. Акнун яқинан ҳабс мешавад. Ва шуд. Дар ҳукми додгоҳ ҳамааш навишта шуда, баъди шаш моҳ нусхаи он ҳукмро ба даст овард, наберааш хонду вай гӯш кард. Ҳуш аз сараш парид. Писаре, ки пашшаеро озор намедод ва ҳамеша дар фикри рӯзгори хона буд, бо даъвати ким-кадо Абуҳурайра, ки маълум нест вай араб аст, турк аст, чечен аст ё миллати дигар, аз Маскав ба Туркия рафтааст.

Оре, Мурод дар сарнавишт танҳо нест. Зуҳури ДОИШ чун як созмони террористӣ ҳазорон нафарро дар сар то сари олам саргардону бесарнавишт кард. Тифлони ятиму занҳои бева, падару модари синабирёну ҷигарсӯхта...Ва Тоҷикистон низ ин мусибатро дид. Даҳҳо танро медонем, ки хабари маргашон омад, садҳо тани дигарро медонем, ки рафтаву бенишонанд. Ҳоло, ки ДОИШ аз Сурия пок шуд, онҳо сарнавишти номушаххас доранд. Русия тифлони ятими он ҷангиёнро баргардонд. Вале қисмати даҳҳо тифли ҳамватанони мо, ки дар ҷангҳо куштаву захмӣ шуданд, номуайян аст.

Кори ноҳақ ин аст, ки кушта мешавӣ. Посухаш дар қиёмат мудҳиштар, вале дар зиндагӣ низ осон нест. Кӣ ғами ин тифлони ятимро мехӯрад? Кӣ ба арзи модарони сӯхта дар оташи доғи писар мерасад? Ҳеч кас!

Ҳанӯзам сари ин муаммо меандешем ва мехоҳем фалсафаи “ҷиҳод” дар замони муосирро  донем. Аммо дониши мо ба фаҳми муҳимтарин тафсири ин истилоҳ намерасад. Вале як нуктаеро метавонем иброз дорем, ки куштори бенаво ҳаргиз набояд ҷиҳод хонда шавад. Даъват ба ҷиҳод зидди кофирон аст, вале дар Сурияе, ки гуруҳҳои террористӣ ҷиҳод эълон карданд, кадом қишри аҳолӣ мункири Худо буд, ки кофараш хонанд? Ҳукумате буд дар садри он намояндаи дини ислом менишаст, танҳо геноҳе, ки дошт саркашӣ аз талаби қудратҳое буд, ки мехостанд мисли Қаззофӣ ва Саддом эъдомаш кунанд. Гуруҳҳои ситезаҷӯ бо истифода аз фурсат дар Сурия сарозер шуданд ва як ҳолати бебандубориро дар ин кишвари таърихӣ ба вуҷуд оварданд.

Натиҷа чӣ шуд? Вайронии як мамлакати обод, хонабардӯшии садҳо ҳазор суриёӣ, кушта шудани даҳҳо ҳазор, ки дар миёни онҳо тифлону пирони барҷомонда бештар буданд, таҷовуз ба номус, ғорати амволи мардум ва давлат, тороҷи хазинаҳо, азхудкунии чашмаҳои нефтӣ, қочоқи нафт, ки сармояи аслии Сурия буд. Валангор кардани ёдгориҳои таърихӣ, ки асрҳо побарҷо буданд ва ҳифзи онҳоро ЮНЕСКО ба уҳда дошт.

Ин номгӯи хеле ками мусибатҳо, ки дар аввалин фурсат пеши назар меояд. Ин фоҷеа бузургтар аз тасаввури мост ва барои ҷуброни хисорати ворида барои ҳукумати Сурия лозим аст даҳсолаҳо ободгарӣ кунад. Шояд биноҳои вайрон дубора обод шаванд, ба чашмаҳои хушкида об ояд, киштзорон дубора сабз шаванд, нефт фаровон гардад. Аммо...оё метавон он ҷонҳои мурдаро дубора зинда кард? Он ҷавононеро, ки садҳо гули орзуи ношукуфта доштанд, вале аз тири террористони ба истилоҳ ҷиҳодист қурбон шуданд, зинда кард? Оё метавон тифлакони чун ғунча пажмурдашударо дубора зинда кард? На, ин аз имкон берун аст.

Инсон мавҷудест, ки ақли вай қодир ба ҳар кор аст. Агар ақл вайронкор бошад, як кишвар аз дасти тӯдае харобу валангор мешавад. Тоҷикистони мо ин ҷангро дид, мо ноамниро медонем ва имрӯз ба қадри неъмати безаволи осоиштагӣ бояд расид. Ҳамин сулҳ аст, ҳамин осудагист ва ҳамин субот аст, ки моро ба оянда умедвор мекунад.

Меандешам, ки пас чӣ бояд кард?

Ҷавононро бояд дар руҳияи ватандӯстӣ ва миллатдӯстӣ парвариш намуд. Барномаҳои мактабҳои оливу миёнаи мо шадидан  ба ислоҳот ниёз доранд. Танҳо дарси ватандӯстӣ доштан кам аст, бояд адабиёти ватандӯстӣ дошта бошем. Бояд таърихи миллат аз воқеъияти ҷаҳони имрӯз омӯхта шавад. Он ки миллати мо бузург буд, исбот шуда. Вале ин миллат бояд имрӯз бузург бошад. Ва ин бузурги дигар ба зӯр нест, ба дониш аст, ба фарҳанг аст ба дарки маънавиёт аст.

Дар мо ҳоло ҳам адабиёти воқеъии ватандӯстӣ ва миллатпарастӣ намерасад. Дӯст доштани миллат миллатгароӣ нест, балки обод кардани он аст. Ва барномае, ки Пешвои миллат асосан рӯйи даст дорад, ҳаминро тақозо мекунад. Ва ҳадиси муборак ҳам дорем аз Пайғамбари азиз (с), ки фармуд: “Дӯст доштани Ватан аз имон аст”. Яъне, танҳо шахси боимон метавонад Ватани худро дӯст дорад...

Мехостем ин ҷо нуқта гузорем, вале пеши чашми нигоранда боз ҳамон пиразан омад, ки дар даст пораи коғаз мехост писари раҳгумаш авф шавад. Оре, раҳгум ва онҳо кам набуданду нестанд. Имрӯз дар Сурия ДОИШ шикаст хӯрд, аммо гуруҳҳои террористӣ комил нест нашудаанд. Пас сарнавишти ин гуна раҳгумзадаҳо бояд барои насли имрӯз панд шавад.

Пиразан бовар дошт писараш авф мешавад. Вай мегфт: “Агар фарзанди мани пиру заъиф нохалаф шуд, шукр, ки Пешвои дилсӯзу меҳрубон дорем...”   

Охирсухан

Ин сарнавишт талх аст. Вале метавонад мусибати ҳамагонӣ арзёбӣ шавад. Фарзанди як пиразан фарзанди ҳамаи миллат аст. Ва шояд даҳҳову садҳо нафароне ҳастанд, ки дар доми фиреб печидаанд. Ҳоло онҳо фурсати андеша доранд. Оё месазад, ки ба таблиғоти дурӯғин дода шавад ва кишварҳои бегона сарсону сагардон ва ё ҳадафи тири душманони инсоният қарор гиранд ва дар ҳоле, ки аз сад гул як гулашон нашкуфтааст, сари сабз ба бод диҳанд?

Б.Шафеъ

 

барчасп: