Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд

Аз аввали соли 2017 воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 203 нафарро (соли 2016 – 137 нафар) наҷот дода, ба бештар аз 600 тан зарардидагон ҳангоми офатҳои табиӣ кумак расондаанд. Бо ёрии техникаи махсуси Кумита ба аҳолии осебдида маводҳои сохтмонӣ расонида шуданд ва барои роҳандозии корҳои соҳилбандӣ маблағи бештар аз 5 миллион сомонӣ сарф шудааст. Ин рақамҳо дар ҷараёни баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти яксолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ироа шуданд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва ширкати мустақими намояндаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуфҷон Юсуфзода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2017 доир гардид. 

Дар кори коллегия роҳбарони раёсатҳои асосӣ, шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои минтақавии КҲФ дар вилоятҳо ва шуъбаҳо дар як қатор ноҳияҳои мамлакат, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ширкат намуданд. 

Дар сухани ифтитоҳии худ Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода иброз дошт, ки соли гузашта ҳарчанд соли муқаррарӣ буд, кормандони Кумита муваффақ шуданд, ки сари вақт ба кумаки аҳолӣ шитобанд. 

«Ин натиҷаҳо аз ҳисоби кори фаъолона, ки дар он на танҳо кормандони КҲФ, балки намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ дар ноҳияву шаҳрҳои кишвар ширкат доштанд, ба даст омад. Ба шарофати вокуниши фаврӣ ва ташкили сареъи ҳамкориҳо сари вақт ба аҳолии зарардидаи шаҳру ноҳияҳо, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дида буданд, кумак расонида шуд. Ҳамчунин бо ёрии техникаи Кумита маводҳои зарурӣ ҷиҳати бастани соҳилҳои харобшуда ва осебпазир расонида шуданд”,- гуфт ӯ.

Дар ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи ҷонишинони Раиси Кумита дар бораи ҷамъбасти  фаъолияти воҳидҳои минтақавии Кумита дар соли 2017, комёбиҳо ва камбудиҳо шунида шуданд.  Дар бораи камбудиҳо дар кори Раёсатҳои КҲФ дар се вилоят ҳисоботи сарварони онҳо шунида шуданд ва барои бартараф намудани онҳо вақт дода шуд.  

Неруҳои мудофаи гражданӣ, ки дар фаъолияти худ соли 2017 ба як қатор иштибоҳот ва камбудиҳо  роҳ доданд, мавриди интиқод қарор гирифтанд. 

Намояндаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуфҷон Юсуфзода зимни суханронии худ барои беҳбуд бахшидан дар кори раёсатҳо ва дар умум КҲФ дар соли 2018 ба ҳамкории созанда бо вазорату идораҳои дигар ва намояндагони ВАО даъват намуд. 

Дар ҷараёни ҷаласа қайд карда шуд, ки соли 2017 бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон КҲФ рақами “112”-ро ба кор андохт, ки он имкон медиҳад ахбори расида ба зудӣ омӯхта шавад ва замони вокуниш ба иттилои расидаро тезонад. Зикр карда шуд, ки ин рақами ягона имсол дар сар то сари ҷумҳурӣ фаъол хоҳад шуд.

 Дар суханронии ҷамъбастии худ Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода қайд кард, ки имсол низ ҳамкориҳои якҷоя бо ҳамаи вазорату идораҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин сарвари идораи наҷот дар бораи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт сухан ронд. 

«Аз роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соли 2017 барои муҷаҳҳаз намудани воҳидҳои садамавиву наҷот бар асоси Созишномаи имзошуда миёни КҲФ, Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷопон ба Кумита 32 адад техникаи наҷот, ҳамчунин мошинҳои махсуси сабукрав супурда шуданд, ки бешубҳа вазифаҳои моро дар наҷоти одамон ва иншоот аз хатари офатҳои табиӣ беҳтар месозад”,- зикр намуд Раиси Кумита.

Дар ҷаласаи коллегия вазифаҳо дар соли 2018 ва самтҳое, ки бояд фаъолиятҳо дар онҳо таҳким бахшида шаванд, муайян гардиданд.